https://sputnik.tj/20231110/sel-khatlon-dahho-zamin-khona-obu-loy-1060414987.html
Сел дар Хатлон даҳҳо замину хонаро зери обу лой кард
Сел дар Хатлон даҳҳо замину хонаро зери обу лой кард
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти ҳавосанҷон, омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо то 10 ноябр давом карда, КҲФ аз сокинон хостааст, ки эҳтиёткор бошанд
2023-11-10T11:02+0500
2023-11-10T11:02+0500
2023-11-10T11:31+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
селфароӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060414715_0:236:1080:844_1920x0_80_0_0_5aa170771a67807b52b11ab4a855bcb5.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тайи шабонарӯзи ахир дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон селфароӣ сабт шудааст, ки ба хонаву заминҳои сокинон зарар расонидааст.Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, дар натиҷаи боришоти шадид дар ҳудуди деҳаи "10-солагии Истиқлолияти давлатӣ"-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел ба амал омад.Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи пур шудани селпартои Овзикент-2 , он ба 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар ҳудуди деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов сел ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ осеб расонидааст. Дар ҷамоати деҳоти Озодагон бошад, бар асари боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Отчапар таҳхонаҳои 12 бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст. Гуфта мешавад, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус сафарбар карда шудаааст.КҲФ мегӯяд, дар натиҷаи омадани сел талафот ба қайд гирифта нашудааст. Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо то 10 ноябри соли 2023 идома хоҳад кард.КҲФ дар робита ба шароити имрӯзаи обу ҳаво бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намудааст, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.Ба хотири пешгирии садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагон даъват мешавад, ки қабл аз сафар дар бораи ҳолати роҳҳо, шароити обу ҳаво маълумот ҷамъоварӣ намуда, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд.
https://sputnik.tj/20231110/peshgui-havo-nomusoid-tojikiston-boron-barf-tuman-1060413941.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060414715_0:135:1080:945_1920x0_80_0_0_7ad3b523eec692dc990c1206d9be8123.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел хатлон даҳҳо замин хона об лой
сел хатлон даҳҳо замин хона об лой
Сел дар Хатлон даҳҳо замину хонаро зери обу лой кард
11:02 10.11.2023 (Навсозишуда: 11:31 10.11.2023) Тибқи маълумоти ҳавосанҷон, омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо то 10 ноябр давом карда, КҲФ аз сокинон хостааст, ки эҳтиёткор бошанд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тайи шабонарӯзи ахир дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон селфароӣ сабт шудааст, ки ба хонаву заминҳои сокинон зарар расонидааст.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, дар натиҷаи боришоти шадид дар ҳудуди деҳаи "10-солагии Истиқлолияти давлатӣ"-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел ба амал омад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи пур шудани селпартои Овзикент-2 , он ба 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар ҳудуди деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов сел ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ осеб расонидааст.
Дар ҷамоати деҳоти Озодагон бошад, бар асари боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Отчапар таҳхонаҳои 12 бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст.
"Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ ва Комиссияи изтирории ноҳиявӣ барои муайян кардани хисорот ва расонидани кӯмак кор мекунанд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус сафарбар карда шудаааст.
КҲФ мегӯяд, дар натиҷаи омадани сел талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо то 10 ноябри соли 2023 идома хоҳад кард.
КҲФ дар робита ба шароити имрӯзаи обу ҳаво бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намудааст, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Ба хотири пешгирии садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагон даъват мешавад, ки қабл аз сафар дар бораи ҳолати роҳҳо, шароити обу ҳаво маълумот ҷамъоварӣ намуда, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд.