https://sputnik.tj/20231118/erdughon-siloh-hastai-isroil-1060515563.html
Эрдуғон хостори санҷиши силоҳи ҳастаии Исроил шуд
Эрдуғон хостори санҷиши силоҳи ҳастаии Исроил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Маскав низ иддаои бархе мақомдорони исроилиро суолбарангез хонда таъкид намуда буд, ки бояд ба ин масъала созмонҳои байналмилалию МАГАТЭ таваҷҷуҳ кунанд
2023-11-18T20:00+0500
2023-11-18T20:00+0500
2023-11-20T11:43+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
аслиҳа
ҳастаӣ
анқара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/05/1059223138_0:107:3056:1826_1920x0_80_0_0_9145b1f43b2675286a8c08d30a7da539.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бояд доштани силоҳи ҳастаӣ дар ихтиёри Исроил мавриди санҷиш қарор дода шавад, ки ҳанӯз дер нашудааст. Ин нуктаро раисҷумҳури Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон баён дошт. Анкара ба таъсиси механизми бозрасӣ барои санҷидани он ки Исроил дорои силоҳи ҳастаӣ аст ё на, ташаббус хоҳад нишон дод, гуфт вай. Қаблан вазири Исроил дар умури Байтулмуқаддас ва мерос, Амихай Элиёҳу, гуфт, "яке аз имконот"-и густариши низоъ партофти бомбаи ҳастаӣ ба Ғазза аст. Вазорати дифои Исроил ин иддаои ӯро бепоя хонд. Дар пайи ин изҳорот, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки бояд созмонҳои байналмилалӣ ва МАГАТЭ ба он таваҷҷуҳ кунанд.Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия иддаои мақомдори Исроил дар бораи эҳтимоли партоби бомбаи ҳастаӣ ба навори Ғаззаро суолбарангез хонд"Саволи рақами якум, оё мо изҳороти расмӣ дар бораи мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ мешунавем?", - суол гузошт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар Соловёв Live.Вай қайд кард, ки ин суханонро метавон як изҳороти расмӣ дар бораи мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ дар Исроил арзёбӣ кард, аз ин рӯ, созмонҳои байналмилалӣ ва пеш аз ҳама МАГАТЭ бояд ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд.
https://sputnik.tj/20231025/erdughon-kay-tojikiston-1060149094.html
анқара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/05/1059223138_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_c0a0eb29506fd4311c463159a85bc5b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аслиҳа, ҳастаӣ, магатэ, исроил
аслиҳа, ҳастаӣ, магатэ, исроил
Эрдуғон хостори санҷиши силоҳи ҳастаии Исроил шуд
20:00 18.11.2023 (Навсозишуда: 11:43 20.11.2023) Қаблан Маскав низ иддаои бархе мақомдорони исроилиро суолбарангез хонда, таъкид намуда буд, ки бояд ба ин масъала созмонҳои байналмилалию МАГАТЭ таваҷҷуҳ кунанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бояд доштани силоҳи ҳастаӣ дар ихтиёри Исроил мавриди санҷиш қарор дода шавад, ки ҳанӯз дер нашудааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон баён дошт.
Анкара ба таъсиси механизми бозрасӣ барои санҷидани он ки Исроил дорои силоҳи ҳастаӣ аст ё на, ташаббус хоҳад нишон дод, гуфт вай.
Қаблан вазири Исроил дар умури Байтулмуқаддас ва мерос, Амихай Элиёҳу, гуфт, "яке аз имконот"-и густариши низоъ партофти бомбаи ҳастаӣ ба Ғазза аст. Вазорати дифои Исроил ин иддаои ӯро бепоя хонд.
Дар пайи ин изҳорот, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки бояд созмонҳои байналмилалӣ ва МАГАТЭ ба он таваҷҷуҳ кунанд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия иддаои мақомдори Исроил дар бораи эҳтимоли партоби бомбаи ҳастаӣ ба навори Ғаззаро суолбарангез хонд
"Саволи рақами якум, оё мо изҳороти расмӣ дар бораи мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ мешунавем?", - суол гузошт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар Соловёв Live.
Вай қайд кард, ки ин суханонро метавон як изҳороти расмӣ дар бораи мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ дар Исроил арзёбӣ кард, аз ин рӯ, созмонҳои байналмилалӣ ва пеш аз ҳама МАГАТЭ бояд ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд.