https://sputnik.tj/20231025/erdughon-kay-tojikiston-1060149094.html
Эрдуғон кай ба Тоҷикистон меояд?
Эрдуғон кай ба Тоҷикистон меояд?
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Туркия дар Тоҷикистон бори дигар сафари роҳбари кишвараш ба Душанберо таъйид намуд, аммо замони мушаххаси ин боздидро ном набурд
2023-10-25T15:38+0500
2023-10-25T15:38+0500
2023-10-25T15:38+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
боздид
президент
раисҷумҳур
раҷаб тайиб эрдуғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_0:119:1875:1173_1920x0_80_0_0_af4a8f135669ef4793bfc289c397f860.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ояндаи наздик метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Умут Аҷар зимни нишасти матбуотӣ баён доошт. "Мо дар сафорат пеш аз ҳама мехоҳем, ки ин боздид амалӣ карда шавад, ҳар қадаре зудтар ҳамон қадар хубтар", - гуфт сафир. Таъкид шуд, ки дар назар буд, Эрдуғон соли равон ба Тоҷикистон ояд, аммо заминларзаҳои харобиовари моҳи феврал тамоми нақшаҳоро барбод доданд. Дар мавриди сафари Эрдуғон ба Душанбе ҳанӯз сафири пешини Туркия дар Тоҷикистон беш аз ду соли қабл иттилоъ дода буд. Инчунин вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар низ зимни боздидаш аз Душанбе изҳор дошта буд, ки қарор аст, сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон сурат бигирад. Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркияро расман даъват кардаст.Интизор мерафт, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20231018/mintaqaho-tojikiston-turkiya-hamkori-taqviyat-1060009334.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048638287_75:0:1798:1292_1920x0_80_0_0_75fc50c1c86e629da84dac2b0828c0ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, туркия, тоҷикистон, боздид, мушаххас
президент, туркия, тоҷикистон, боздид, мушаххас
Эрдуғон кай ба Тоҷикистон меояд?
Сафири Туркия дар Тоҷикистон бори дигар сафари роҳбари кишвараш ба Душанберо таъйид намуд, аммо замони мушаххаси ин боздидро ном набурд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ояндаи наздик метавонад аз Тоҷикистон боздид кунад.
Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Умут Аҷар зимни нишасти матбуотӣ баён доошт.
"Мо дар сафорат пеш аз ҳама мехоҳем, ки ин боздид амалӣ карда шавад, ҳар қадаре зудтар ҳамон қадар хубтар", - гуфт сафир.
Таъкид шуд, ки дар назар буд, Эрдуғон соли равон ба Тоҷикистон ояд, аммо заминларзаҳои харобиовари моҳи феврал тамоми нақшаҳоро барбод доданд.
Дар мавриди сафари Эрдуғон ба Душанбе ҳанӯз сафири пешини Туркия дар Тоҷикистон беш аз ду соли қабл иттилоъ дода буд.
Инчунин вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар низ зимни боздидаш аз Душанбе изҳор дошта буд, ки қарор аст, сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Тоҷикистон сурат бигирад. Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Туркияро расман даъват кардаст.
Интизор мерафт, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳар ду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард.