Додгоҳ президентшавии дигарбораи Трампро иҷозат дод

© AFP 2023 / ALON SKUYБывший президент США Дональд Трамп
Бывший президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2023
Обуна шудан
Додгоҳи Колорадо тасмим гирифт, ки президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп боз метавонад номзадиашро ба мақоми президентӣ пешниҳод кунад
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Президенти собиқи ИМА, иҷозати додгоҳ барои пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раёсатҷумҳурро гирифтааст.
Қарор дар ин бораро дар ин додгоҳи Колорадо қабул кардааст.
Додрас гуфт, гарчанде ки Трамп ҳангоми ҳамла ба Капитолия дар моҳи январи соли 2021 хушунати сиёсиро барангехтааст, вай савганди худро ба ҳайси президент вайрон накард.
Қарори Колорадо ба дунболи қарорҳои шабеҳи додгоҳ дар чанд иёлоти дигар қабул шудааст. Ҳамаи онҳо номи президенти собиқро дар варақаҳои овоздиҳӣ нигоҳ доштанд.
Дональд Трамп, экс-президент США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Номуносиб: Трамп даъвати Зеленскийро рад кард
Маврид ба зикр аст, дар пайи эълони шикасти Трамп дар интихоботи гузаштаи президентӣ ҷонибдоронаш ба Капитолия ҳамла карданд.
Вақте ки онҳоро аз бино ихроҷ карданд, конгрессменҳо пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи президентӣ тасдиқ карданд.
Баъдан садҳо эътирозгар боздошт шуданд. Парвандаи ҳамла ба Капитолия алайҳи Трамп низ баррасӣ мешавад.
Интихоботи навбатии президентӣ моҳи ноябри соли 2024 баргузор мешавад. Байден аз Ҳизби демократӣ дубора интихоб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0