https://sputnik.tj/20231107/nomunosib-tramp-davat-zelenskiyro-rad-1060351998.html
Номуносиб: Трамп даъвати Зеленскийро рад кард
Номуносиб: Трамп даъвати Зеленскийро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Трамп пас аз даъват барои сафар ба Украина ба Зеленский посух дод, ки гуфта буд, мехоҳад дар бораи гуфтаҳояш оид ба хатми низоъ давоми 24 соат баҳс кунад
2023-11-07T13:12+0500
2023-11-07T13:12+0500
2023-11-07T16:56+0500
доналд трамп
владимир зеленский
има
украина
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056188274_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_20d834cb5d5a88ef91d10b5cd18362ab.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Собиқ раҳбари Қохи Сафед Доналд Трамп дархости президент Владимир Зеленскийро барои боздид аз Украина рад кард, хабар медиҳад Newsmax."Ман Зеленскийро хеле эҳтиром мекунам, аммо фикр мекунам, ки ин ҳоло номувофиқ аст" гуфт ӯ.Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳоло бо президенти Украина маъмурияти Ҷо Байден кордор аст ва ӯ намехоҳад бархӯрди манфиатҳоро эҷод кунад.Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадори амрикоӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар низои Украина мавқеъро аз даст медиҳад: инро дар инъикоси низоъ дар расонаҳо дидан мумкин аст - Украина амалан аз сархати хабарҳо нопадид шудааст.Зеленский рӯзи 5 ноябр Трампро ба Украина даъват кард, то бобати иддаои деринаи довталаби Кохи Сафед дар бораи он, ки вай "дар 24 соат метавонад муноқишаро ҳал кунад" баҳс кунад.Трамп қаблан на як бор дар бораи имкони хатми низоъ дар Украина дар 24 соат дар сурати раисиҷумҳури Амрико шуданаш сухан гуфта буд.Дар авоили моҳи ноябр Зеленский ӯро ба Украина даъват кард ва ваъда дод, ки дар 24 дақиқа ба ӯ имконнопазирии чунин ниятҳоро шарҳ медиҳад.Вақтҳои охир расонаҳои ғарбӣ бештар менависанд, ки Ғарб аз муноқишаи Украина хаста шуда ва пуштибонии режими Зеленский заиф мешавад.Ҳамин тариқ, New York Times таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки Киев на танҳо танкисии таваҷҷӯҳи расонаҳо, балки камбуди лавозимоти ҷангиро низ аз сар мегузаронад.Ҳарчанд Байден ваъда дод, ки ҳам аз Украина ва ҳам Исроил пуштибонӣ мекунад, охирин метавонад дар ниҳоят ба силоҳе ниёз дошта бошад, ки ҳоло он дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина тамом мешаванд.
https://sputnik.tj/20231104/gharb-zelenskiy-guzasht-muzokirot-tela-1060323976.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056188274_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_9fcd42dd933c55c4053c46f089dcc693.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
номуносиб трамп даъват зеленский рад
номуносиб трамп даъват зеленский рад
Номуносиб: Трамп даъвати Зеленскийро рад кард
13:12 07.11.2023 (Навсозишуда: 16:56 07.11.2023) Трамп бо мақсади эҷод накардани "бархурди манфиатҳо" бо Байден, таклифи Зеленскийро ба Украина рад кард
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Собиқ раҳбари Қохи Сафед Доналд Трамп дархости президент Владимир Зеленскийро барои боздид аз Украина рад кард, хабар медиҳад Newsmax.
"Ман Зеленскийро хеле эҳтиром мекунам, аммо фикр мекунам, ки ин ҳоло номувофиқ аст" гуфт ӯ.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳоло бо президенти Украина маъмурияти Ҷо Байден кордор аст ва ӯ намехоҳад бархӯрди манфиатҳоро эҷод кунад.
Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадори амрикоӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар низои Украина мавқеъро аз даст медиҳад: инро дар инъикоси низоъ дар расонаҳо дидан мумкин аст - Украина амалан аз сархати хабарҳо нопадид шудааст.
Зеленский рӯзи 5 ноябр Трампро ба Украина даъват кард, то бобати иддаои деринаи довталаби Кохи Сафед дар бораи он, ки вай "дар 24 соат метавонад муноқишаро ҳал кунад" баҳс кунад.
Трамп қаблан на як бор дар бораи имкони хатми низоъ дар Украина дар 24 соат дар сурати раисиҷумҳури Амрико шуданаш сухан гуфта буд.
Дар авоили моҳи ноябр Зеленский ӯро ба Украина даъват кард ва ваъда дод, ки дар 24 дақиқа ба ӯ имконнопазирии чунин ниятҳоро шарҳ медиҳад.
Вақтҳои охир расонаҳои ғарбӣ бештар менависанд, ки Ғарб аз муноқишаи Украина хаста шуда ва пуштибонии режими Зеленский заиф мешавад.
Ҳамин тариқ, New York Times таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки Киев на танҳо танкисии таваҷҷӯҳи расонаҳо, балки камбуди лавозимоти ҷангиро низ аз сар мегузаронад.
Ҳарчанд Байден ваъда дод, ки ҳам аз Украина ва ҳам Исроил пуштибонӣ мекунад, охирин метавонад дар ниҳоят ба силоҳе ниёз дошта бошад, ки ҳоло он дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина тамом мешаванд.