Донистани забони русӣ барои ҷавонон роҳҳои навро боз мекунад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин посетил президентский лицей в "Сириусе"
Президент РФ В. Путин посетил президентский лицей в Сириусе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки донистани забони русӣ ва адабиёт барои ҷавонон роҳҳои нави пешрафтро боз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёми табрикотии худ ба анҷумани Ҷамъияти русии лафзӣ гуфт, ки яке аз авлавиятҳои асосии Ҷамъият баланд бардоштани аҳамияти забон ва адабиёти рус аст.
Вай гуфт, тарбияи насли наврас ва азхудкунии ин фанҳо барои ҷавонон дурнамои васеътар боз мекунад.
"Яке аз авлавиятҳои асосии шумо афзоиши аҳамияти забон ва адабиёти рус ва тарбияи насли наврас мебошад. Дар ниҳоят, дуруст донистани ин фанни гуманитарӣ барои ҷавонон дурнамои васеъро ҳам барои рушди шахсӣ ва ҳам касбӣ боз мекунад", — гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаи таъсиси Созмони байналмилалии забони русиро имзо карданд.
Флаги СНГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Президентҳои ИДМ Созмони забони русиро таъсис доданд
Тавре раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек гуфт, дар назар аст, ки дафтари асосии Созмони забони русӣ дар шаҳри Сочи ҷой дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои амалӣ намудани идеяи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ гуруҳи махсуси корӣ фаъолият дошт.
Пешниҳоди таъсиси Созмони байнулмилалии забони русиро бори нахуст моҳи декабри соли 2021 раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон карда буд.
Ин пешниҳод дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуд, пуштибонии васеъ пайдо кард.
Ҳадафи Созмони байналмилалии забони русӣ дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ дар минтақаи ИДМ хоҳад буд.
Ин сохтор ба ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун омили муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муошират мусоидат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0