https://sputnik.tj/20231117/rustami-emomali-konfrons-chingiz-aytmatov-sukhanroni-1060500531.html
Рустами Эмомалӣ дар конфронси бахшида ба Чингиз Айтматов суханронӣ кард
Рустами Эмомалӣ дар конфронси бахшида ба Чингиз Айтматов суханронӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби иҷлосияи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ баргузор шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои узви созмон ширкат доштанд
2023-11-17T12:07+0500
2023-11-17T12:07+0500
2023-11-17T14:48+0500
рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон
қирғизистон
чингиз айтматов
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/11/1060499032_0:70:1280:790_1920x0_80_0_0_0df4275a67db484652fdbce3f8745c3b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Бишкек бахшида ба 95-солагии нависанда Чингиз Айматов конфронси байналмилалӣ дар доираи иҷлосияи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ҷараён дорад. Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон, ки як рӯз пеш барои ширкат дар анҷуман вориди Қирғизистон шуд, дар чорабинӣ суханронӣ кард. Номбурда қайд кард, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов ба шарофати арзишҳои абадӣ, ки дар осори ғании ӯ аст, дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон қадрдонӣ мешавад.Ӯ гуфт, ки Айматов на танҳо ҳамчун нависанда, балки фарди машҳур бо дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз саъю кушиши зиёде кардааст. Ҳамзамон, дар ҷараёни конфронс ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Чингиз Айтматов ва саҳнаҳои театрӣ аз осори ӯ намоиш дода шуд. Дар ин конфронс ба ҷуз аз ҳайати Тоҷикистон, раиси Шӯрои ИДМ ва Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, инчунин намояндагони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Бояд қайд кард, ки Чингиз Ториқулович Айтматов нависанда, публисист ва ходими ҷамъиятӣ буда, 12 декабри соли 1928 дар деҳаи Шекери Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон (ҳоло вилояти Таласи Қирғизистон) таваллуд шудааст.Айтматов аз достони "Ҷамила", ки бори аввал дар Фаронса бо тарҷумаи Луи Арагон нашр шудааст, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Пас аз бомуваффақият ба табъ расидани "Ҷамила" достони "Чашми шутур", "Кишвари модар", "Муаллими нахустин" ва маҷмӯаи "Афсонаҳои кӯҳу дашт" низ нашр шуданд, ки барои ин нависанда сазовори Ҷоизаи ленинӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ рӯзи 16 ноябр вориди Бишкек шуд. Ҳамин тавр, рӯзи 17 ноябр раиси палатаи болоии парлумон бо раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко мулоқот кард. Дар ин дидор, имкониятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисод ва фарҳанги ду кишварро баррасӣ гардид.
https://sputnik.tj/20231116/rustami-emomali-matvienko-bishkek-didor-1060486583.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/11/1060499032_71:0:1210:854_1920x0_80_0_0_02d9dfd8f5982d959dc441e53970096c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ конфронси чингиз айтматов суханронӣ
рустами эмомалӣ конфронси чингиз айтматов суханронӣ
Рустами Эмомалӣ дар конфронси бахшида ба Чингиз Айтматов суханронӣ кард
12:07 17.11.2023 (Навсозишуда: 14:48 17.11.2023) Чорабинӣ дар чаҳорчӯби иҷлосияи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ баргузор шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои узви созмон ширкат доштанд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Бишкек бахшида ба 95-солагии нависанда Чингиз Айматов конфронси байналмилалӣ дар доираи иҷлосияи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ҷараён дорад.
Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон, ки як рӯз пеш барои ширкат дар анҷуман вориди Қирғизистон шуд, дар чорабинӣ суханронӣ кард.
Номбурда қайд кард, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов ба шарофати арзишҳои абадӣ, ки дар осори ғании ӯ аст, дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон қадрдонӣ мешавад.
Ӯ гуфт, ки Айматов на танҳо ҳамчун нависанда, балки фарди машҳур бо дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ барои мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз саъю кушиши зиёде кардааст.
"Дӯстии самимии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов ибратбахш буда, дар таҳкими робитаҳои адабӣ ва фарҳангии ду кишвар мавқеи хоса дорад", - афзуд Рустами Эмомалӣ.
Ҳамзамон, дар ҷараёни конфронс ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Чингиз Айтматов ва саҳнаҳои театрӣ аз осори ӯ намоиш дода шуд.
Дар ин конфронс ба ҷуз аз ҳайати Тоҷикистон, раиси Шӯрои ИДМ ва Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, инчунин намояндагони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Узбекистон ширкат доштанд.
Бояд қайд кард, ки Чингиз Ториқулович Айтматов нависанда, публисист ва ходими ҷамъиятӣ буда, 12 декабри соли 1928 дар деҳаи Шекери Ҷумҳурии Автономии Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон (ҳоло вилояти Таласи Қирғизистон) таваллуд шудааст.
Айтматов аз достони "Ҷамила", ки бори аввал дар Фаронса бо тарҷумаи Луи Арагон нашр шудааст, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Пас аз бомуваффақият ба табъ расидани "Ҷамила" достони "Чашми шутур", "Кишвари модар", "Муаллими нахустин" ва маҷмӯаи "Афсонаҳои кӯҳу дашт" низ нашр шуданд, ки барои ин нависанда сазовори Ҷоизаи ленинӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ рӯзи 16 ноябр вориди Бишкек шуд.
Ҳамин тавр, рӯзи 17 ноябр раиси палатаи болоии парлумон бо раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко мулоқот кард.
Дар ин дидор, имкониятҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисод ва фарҳанги ду кишварро баррасӣ гардид.