https://sputnik.tj/20231116/rustami-emomali-matvienko-bishkek-didor-1060486583.html
Рустами Эмомалӣ бо Матвиенко дар Бишкек дидор кард
Рустами Эмомалӣ бо Матвиенко дар Бишкек дидор кард
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо Матвиенко гуфт, ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ фаъолтар карда шаванд
2023-11-16T13:02+0500
2023-11-16T13:02+0500
2023-11-16T13:26+0500
дар тоҷикистон
русия
рустами эмомалӣ
валентина матвиенко
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032338078_0:290:3072:2018_1920x0_80_0_0_0f1d03b28120a83af9b1542e9e6e10b5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раҳбари Шӯрои Федератсияи Русия, ки ҳамзамон раисии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба зимма дорад, мулоқот кард.Ба гузориши дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, ин дидор дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек доир шуд.Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.Ҳамчунин, бо изҳори қаноатмандӣ аз тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҷонибҳо фаъолияти назарраси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, инчунин, натиҷаҳои татбиқи босамари қарорҳои онро ба хотири манфиатҳои мардуми ду кишвар, таъкид намуданд.Котиботи Шӯрои ИДМ қаблан гуфта буд, ки ширкаткунандагон масъалаҳои ҷорӣ, натиҷаҳои чорабиниҳои соли 2023-ро ҷамъбаст хоҳанд кард ва дар бораи мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар фазои иттиҳод гузориш хоҳанд додКомиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар умури сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар навбати худ лоиҳаи консепсияи қонуни намунавии "Дар бораи таъминоти доруворӣ дар кишварҳои ИДМ"-ро баррасӣ намуда, меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва сиёсати муҳоҷиратро дар кишварҳои узви ИДМ баррасӣ хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2022 шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба макони мулоқоти раҳбарони порлумонҳои кишварҳо табдил шуда, иҷлосияи тирамоҳӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуда буд.
https://sputnik.tj/20231116/rustami-emomal-voridi-qirghiziston-1060483797.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032338078_225:0:2956:2048_1920x0_80_0_0_db7691e06234d22d3f0c92fff167ace8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ матвиенко бишкек дидор
рустами эмомалӣ матвиенко бишкек дидор
Рустами Эмомалӣ бо Матвиенко дар Бишкек дидор кард
13:02 16.11.2023 (Навсозишуда: 13:26 16.11.2023) Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо Матвиенко гуфт, ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ фаъолтар карда шаванд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раҳбари Шӯрои Федератсияи Русия, ки ҳамзамон раисии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба зимма дорад, мулоқот кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, ин дидор дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек доир шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.
"Бо дарназардошти аҳамият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ, раванди имрӯзаи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ба руҳияи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид",- афзудааст манбаъ.
Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.
Ҳамчунин, бо изҳори қаноатмандӣ аз тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҷонибҳо фаъолияти назарраси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, инчунин, натиҷаҳои татбиқи босамари қарорҳои онро ба хотири манфиатҳои мардуми ду кишвар, таъкид намуданд.
Котиботи Шӯрои ИДМ қаблан гуфта буд, ки ширкаткунандагон масъалаҳои ҷорӣ, натиҷаҳои чорабиниҳои соли 2023-ро ҷамъбаст хоҳанд кард ва дар бораи мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар фазои иттиҳод гузориш хоҳанд дод
Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар умури сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар навбати худ лоиҳаи консепсияи қонуни намунавии "Дар бораи таъминоти доруворӣ дар кишварҳои ИДМ"-ро баррасӣ намуда, меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва сиёсати муҳоҷиратро дар кишварҳои узви ИДМ баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2022 шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба макони мулоқоти раҳбарони порлумонҳои кишварҳо табдил шуда, иҷлосияи тирамоҳӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуда буд.