“Газ нест”: Мушкили камбуди гази моеъ дар навоҳии Суғд

© Камар АхрорАГЗС в Худжанде
АГЗС в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2023
Обуна шудан
Тайи як моҳи охир қимати гази моеъ беш аз 15% афзуда, ба ин ҳол хариди он дар шуморе аз нуқтаҳои таъмини сӯзишвории дар шаҳру навоҳии кишвар мушкил шудааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Ин дар ҳолест, ки гази моеъ яке аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки сокинон ба ҷӯз воситаҳои нақлиёт дар шароити хона низ онро фаровон истифода мебаранд. Бахусус бо наздик шудани фасли сармо талабот ба истифодаи ин навъ сӯзишворӣ бештар мегардад.
Аммо як ҳафта ба ин тараф дар баъзе аз нуқтаҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт (АЗС) дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мушкили камбуди гази моеъ ба вуҷуд омадааст.
Ҳоло дар тоблӯи баъзе аз ширкатҳо, ки дар онҳо нархи фурӯши навъҳои гуногуни маводи сухт аз ҷумла бензину дизел нишон медиҳанд, ҷойи гази моеъ холӣ мондааст ва ё дар баъзе нуқтаҳо навиштаҷоти “газ нест” насб кардаанд.
Автобусы в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Дарди кӯҳна: Боз дар Хуҷанд қимати сӯзишворӣ автобусҳоро аз ҳаракат боздошт
Роҳбари яке аз таъмингоҳҳои маводи сухт дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои охир воридоти гази моеъ аз ҷониби ширкатҳои яклутфурӯшӣ камтар шудааст.

“Маводи сӯхт аз ҷумла гази моеъро ба нуқтаҳои чаканафурӯшӣ, ширкатҳои яклухтфурӯшӣ дастрас мекунанд, рӯзҳои охир вориднамоии гази моеъ сустар шудааст” – гуфт, роҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ.

Фурӯши гази моеъ як моҳ ба ин тараф беш аз 15% баланд шуда, ҳоло ба 7,8 сомонӣ дакка задааст. Дар оғози моҳи октябр гази моеъ ҳамагӣ бо нархи 6, 6 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Зимнан қимати бензини навъи АИ 92 – 11 сомонӣ, АИ 95 – 11,4 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 11,4 – 11,5 сомонӣ гуфта мешавад.
Чунин маводи сухт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Чандин ширкатҳое ҳастанд, ки ба ворид намудани маводи сухт муҷаввиз гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0