Дарди кӯҳна: Боз дар Хуҷанд қимати сӯзишворӣ автобусҳоро аз ҳаракат боздошт

© Sputnik Автобусы в городе Худжанд
Автобусы в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ду рӯз ба ин тараф дар истгоҳ ва роҳу кӯчаҳои Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд автобусҳо тамоман ба назар намерасанд
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, ҳаракати автобусҳо ба муҳлати номуаян мутаваққиф шуд.
Ин ҳолатро Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ"-и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид карда сабаби вазъи баамаломадаро шарҳ дод.
“Нархи сӯзишвории дизелӣ ғайриинтизор баланд шуд ва ин ҳолат ба ҳаракати автобусҳо таъсири худро расонд”, – изҳор намуд, масъули Идораи нақлиёти мусофиркашонӣ.
Бобоҷонов гуфт, қатъи ҳаракати автобусҳо муваққатӣ буда онҳо талош доранд, ин мушкил аз сар гирифта шавад, аммо дақиқ нест, ки то кай давом мекунад.
Тибқи мушоҳидаҳо давоми як моҳи охир нархи ҳама намуд маводи сӯхт аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ ба тадриҷ баланд мешавад.
Бино ба тоблуҳое, ки ҳоло ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар Хуҷанд ва навоҳии Суғд насб кардаанд, қимати сӯзишвории дизелӣ то 11, 2 – 11, 6 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 ба 11 - 11, 2 сомонӣ ва гази моеъ то ба 7, 5 - 7, 8 сомонӣ баланд шудааст.
Хидматрасонии автобус барои дохили шаҳри Хуҷанд 1 - сомонӣ муқаррар карда буданд ва арзиши роҳкирои дигар микроавтобусҳои мусофиркашонӣ 2, 5 - сомонӣ аст.
Аммо бо ин вуҷуд ин ду навъ нақлиёти мусофиркашонӣ миёни ҳам рақобат карда натавонистаанд.
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист? Тафсилот
Ин бори аввал нест, ки автобусҳо дар Хуҷанд бинобар болоравии қимати маоди сӯхт аз ҳаракат мемонанд. Дар солҳои қаблӣ низ то 90 % -и ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд аз фаъолият бозмонда буд.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳаракати охирин тролейбусҳое, ки аз замони шӯравӣ боқӣ монда буданд дар соли 2012 бо сабаби фарсудашвӣ аз ҳаракат боз монданд.
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд соли 2018 дар доираи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" аз ҳисоби 26 миллион доллар маблағи гранти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 100 адад автобуси тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292"-ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд.
Ҳоло дар доираи татбиқи ин лоиҳа худи бинои Идораи “Нақлиёти мусофиркашон” – и шаҳри Хуҷанд корҳои таъмир ва таҷдидкунӣ идома дорад. Аммо бо сабаби гароншавии нархи солярка ҳаракати автобусҳо “ях” бастаанд.
Лентаи хабарҳо
0