https://sputnik.tj/20231116/vazorat-difo-video-nobudsozi-tupi-khudgardi-ukraina-video-1060494890.html
Вазорати дифо видеои нобудсозии тӯпи худгарди хориҷии артиши Украинаро нишон дод - видео
Вазорати дифо видеои нобудсозии тӯпи худгарди хориҷии артиши Украинаро нишон дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Паноҳгоҳ ҳам наҷот надод: Зарбаи дақиқ ва нобуд кардани ба тӯпи худгарди FH-70-и артиши Украина, ки аз яке аз мавқеъҳои пинҳонӣ дар ҷангал шилик мекард
2023-11-16T20:01+0500
2023-11-16T20:01+0500
2023-11-17T11:54+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
видео
украина
амалиёти вижа
донбасс
артиши русия
тӯп
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/10/1060494720_0:8:1151:655_1920x0_80_0_0_ef83dc3706dd42877652fa2c38886b6d.jpg
Вазорати дифои Русия боз як видеоро нашр кард, ки дар он қувваҳои ҳавоии Русия тӯпи худгарди сохти кишварҳои ғарбро нобуд мекунанд.Ба иттилои вазорат дар як шабонурӯз дар ду хатти ҷабҳа артиши Русия беш аз 170 сарбози украиниро нобуд кардааст.Вазорати дифои хабар дод, ки воҳидҳои Русия дар самти Херсон то 70 низомии украинӣ, тӯпхонаи худгарди M109 Паладин ва системаи тӯпхонаи M777-и сохти амрикоӣ ва тӯпи Мста-Б-ро нобуд карданд.Артиши Русия дар самтҳои Купянск ва Краснолиманск 14 ҳамлаи ҷониби Украинаро ақиб задИнчунин ба иттилои низомиёни Русия, артиш дар манотиқи се шаҳраки вилояти Запорожие нерӯҳои украиниро шикаст доданд, талафоти душман то 100 сарбозро ташкил дод."Талофоти душман дар ин самт то 100 нафар низомиён, ду танк, ду мошини зиреҳпӯш ва як тӯпи худгарди Гиатсин-Б-ро ташкил додааст", - афзуд вазорати дифои Русия.Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Артиши Русия панҷ талоши ҷобаҷоии нерӯҳои украинӣ дар самти Южнодонетскро ба ҳам задБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/10/1060494720_207:0:1151:708_1920x0_80_0_0_029b78e195683322e9e7382f50adb0e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, амалиёти вижа, украина, тӯпхона, зарба, паноҳгоҳ, ҷангал
видео, амалиёти вижа, украина, тӯпхона, зарба, паноҳгоҳ, ҷангал
Вазорати дифо видеои нобудсозии тӯпи худгарди хориҷии артиши Украинаро нишон дод - видео
20:01 16.11.2023 (Навсозишуда: 11:54 17.11.2023) Паноҳгоҳ ҳам наҷот надод: Зарбаи дақиқ ва нобуд кардани тӯпи худгарди FH-70-и артиши Украина, ки аз яке мавқеъҳои пинҳонӣ дар ҷангал шилик мекард
Вазорати дифои Русия боз як видеоро нашр кард, ки дар он қувваҳои ҳавоии Русия тӯпи худгарди сохти кишварҳои ғарбро нобуд мекунанд.
Ба иттилои вазорат дар як шабонурӯз дар ду хатти ҷабҳа артиши Русия беш аз 170 сарбози украиниро нобуд кардааст.
Вазорати дифои хабар дод, ки воҳидҳои Русия дар самти Херсон то 70 низомии украинӣ, тӯпхонаи худгарди M109 Паладин ва системаи тӯпхонаи M777-и сохти амрикоӣ ва тӯпи Мста-Б-ро нобуд карданд.
Инчунин ба иттилои низомиёни Русия, артиш дар манотиқи се шаҳраки вилояти Запорожие нерӯҳои украиниро шикаст доданд, талафоти душман то 100 сарбозро ташкил дод.
"Талофоти душман дар ин самт то 100 нафар низомиён, ду танк, ду мошини зиреҳпӯш ва як тӯпи худгарди Гиатсин-Б-ро ташкил додааст", - афзуд вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.