Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия дар самтҳои Купянск ва Краснолиманск 14 ҳамлаи ҷониби Украинаро ақиб зад

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий ВС РФ стреляет из реактивного пехотного огнемета РПО-А "Шмель" во время прохождения боевой подготовки на одном из полигонов в зоне специальной военной операции
Военнослужащий ВС РФ стреляет из реактивного пехотного огнемета РПО-А Шмель во время прохождения боевой подготовки на одном из полигонов в зоне специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Обуна шудан
Қувваҳои мусаллаҳи Русия танҳо дар як рӯз дар минтақаи амалиётӣ техникаи зиёд ва беш аз 500 низомии украиниро зимни ҳамалот аз байн бурданд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Низомиёни украинӣ дар як рӯз дар самтҳои Купянск ва Краснолиманск ҳудуди 360 низомии худро аз даст доданд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар самти Купянск воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои “Ғарбӣ” дар ҷараёни амалиёти фаъол бо кумаки оташфишонии авиатсия ва артиллерия ҳашт ҳамлаи гурӯҳҳои низомиёни зарбазани украиниро дар самти вилояти Харков ақиб заданд.

"Талафи ҷонии ҳариф то 155 нафар низомиён ва ду мошини пикапро ташкил дод", - гуфтанд дар вазорат.

Дар самти Краснолиманск амалиёти ҳамоҳангшудаи воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои марказӣ шаш ҳамлаи гурӯҳҳои ҳуҷумии бригадаи 12-уми таъиноти махсуси артиши Украина барҳам зада шуд.
"Талафот аз ҷониби душман то 210 низомии кушта ва захмӣ, як мошини ҷангии Bradley, се мошин ва як гаубицаи M119 Paladin сохти амрикоиро ташкил дод", - гуфт вазорат.
Ҳамзамон дар самти Донетски ҷанубӣ артиши Русия як ҳамлаи низомиёни украиниро пешгирӣ кардааст, ки дар натиҷа ҷониби Киев 60 кушта ва панҷ воҳиди техникаро аз даст додааст.
Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки артиши Украина дар самти Херсон дар як шабонарӯз то 95 низомиро кушта дод.
Боевая подготовка подразделений ВДВ на полигоне в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия панҷ талоши ҷобаҷоии нерӯҳои украинӣ дар самти Южнодонетскро ба ҳам зад
Дар баробари куштаҳо, низомиёни Русия се артиллерияи тавлиди Полша Krab, ду артиллерияи худгард "Гвоздика" ва як мошини ҷангии Град MLRS-ро нобуд карданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Лентаи хабарҳо
0