https://sputnik.tj/20231114/pashinyan-nishast-saron-spad-minsk-nameravad-1060465273.html
Пашинян ба нишасти сарони СПАД дар Минск намеравад
Пашинян ба нишасти сарони СПАД дар Минск намеравад
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан сарвазири Арманистон аз ҷаласаҳои шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек канор рафта буд
2023-11-14T18:25+0500
2023-11-14T18:25+0500
2023-11-14T18:25+0500
спад
никол пашинян
минск
нишаст
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295665_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_16e35758f03efc6bbe73b82b0a82cc31.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ин дафъа Арманистон ба ҳамтоёни худ дар СПАД дар нишасти қарибулвуқӯъи ин созмон дар Минск ҳамроҳ нахоҳад шуд. Дар ин бора сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко зимни як сӯҳбати телефонӣ хабар дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Арманистон. Дар ҳамин ҳол Пашинян умедвор аст, ки кишварҳои дигари узви ин созмон ба ҳузур наёфтани ӯ бо фаҳмиш муносибат хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки нахуствазири Арманистон қаблан аз нишасти Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар Бишкек ширкат накарда буд. Ба ҷои ӯ, муовини сарвазир Мгер Григорян барои намояндагӣ аз ҷумҳурии Қафқозӣ ба пойтахти Қирғизистон рафт. Ҳамзамон чанде қабл аз ин нахуствазири Арманистон аз ширкат дар нишасти сарони ИДМ, ки дар Бишкек низ баргузор шуд, худдорӣ кард. Илова бар ин, дабири Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян низ аз омадан ба ҷаласаи навбатии котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 8 ноябр дар Маскав баргузор шуд, худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, Кремл изҳори таассуф кардааст, ки Пашинян наметавонад дар нишасти Шӯрои СПАД дар Минск, ки рӯзи 23 ноябр доир мешавад, ширкат кунад. Чунин вохӯриҳо барои мубодилаи афкор муфид ҳисобида мешаванд.
https://sputnik.tj/20231024/spad-muboriza-mavod-mukhaddir-marz-tojikiston-afghoniston-purzur-1060133127.html
минск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295665_47:0:2778:2048_1920x0_80_0_0_a6c4326d4f219057d44d35318e4530f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пашинян нишаст сарон спад минск намеравад
пашинян нишаст сарон спад минск намеравад
Пашинян ба нишасти сарони СПАД дар Минск намеравад
Қаблан сарвазири Арманистон аз ҷаласаҳои шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек канор рафта буд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ин дафъа Арманистон ба ҳамтоёни худ дар СПАД дар нишасти қарибулвуқӯъи ин созмон дар Минск ҳамроҳ нахоҳад шуд.
Дар ин бора сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко зимни як сӯҳбати телефонӣ хабар дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Арманистон.
"Масъалаҳои марбут ба ташкили ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баррасӣ шуданд", - афзуд хадамоти матбуот.
Дар ҳамин ҳол Пашинян умедвор аст, ки кишварҳои дигари узви ин созмон ба ҳузур наёфтани ӯ бо фаҳмиш муносибат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки нахуствазири Арманистон қаблан аз нишасти Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар Бишкек ширкат накарда буд.
Ба ҷои ӯ, муовини сарвазир Мгер Григорян барои намояндагӣ аз ҷумҳурии Қафқозӣ ба пойтахти Қирғизистон рафт.
Ҳамзамон чанде қабл аз ин нахуствазири Арманистон аз ширкат дар нишасти сарони ИДМ, ки дар Бишкек низ баргузор шуд, худдорӣ кард.
Илова бар ин, дабири Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян низ аз омадан ба ҷаласаи навбатии котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 8 ноябр дар Маскав баргузор шуд, худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Кремл изҳори таассуф кардааст, ки Пашинян наметавонад дар нишасти Шӯрои СПАД дар Минск, ки рӯзи 23 ноябр доир мешавад, ширкат кунад.
Чунин вохӯриҳо барои мубодилаи афкор муфид ҳисобида мешаванд.