https://sputnik.tj/20231116/sodiroti-pakhta-sabzavot-mevajot-khatlon-qazoqiston-ziyod-1060487382.html
Содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот аз Хатлон ба Қазоқистон зиёд мешавад
Содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот аз Хатлон ба Қазоқистон зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон гуфт вилоят барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Қазоқистон ҳавасманд аст
2023-11-16T16:25+0500
2023-11-16T16:25+0500
2023-11-16T16:25+0500
дар тоҷикистон
сабзавот
мева
пахта
содирот
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/10/1060487215_289:0:2755:1387_1920x0_80_0_0_0e18c4b8574b1534e9505817b8e5e3d6.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар гуфтугӯ бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов ва намояндагони доираҳои тиҷоратии ин кишвар масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ намуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Раиси вилоят зимни мулоқот таъкид намудааст, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хориҷии Тоҷикистон мебошад.Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи мамлакат буда, дар он қариб чор миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст.“Дар вилоят ҳамасола зиёда аз 80 ҳазор тонна нахи пахта, 55 ҳазор пӯст аз чорвои калони шохдор ва чорвои майда, инчунин зиёда аз шаш ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди он ба хориҷи мамлакат содирот мешавад”, - афзуд раиси вилояти Хатлон.Раиси вилоят зимни мулоқот таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ин ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар саноати сабук замина мегузорад.Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкории Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва Қазоқистон табодули назар намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Қазоқистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.Бояд гуфт, ки аз замони амалӣ намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардид.
https://sputnik.tj/20230923/bonki-bonufuzi-qazoqiston-tojikiston-filial-1059548016.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/10/1060487215_598:0:2447:1387_1920x0_80_0_0_c00373567198d15c4d979fcb1725ed9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистоон, содирот, меава, хатлон, пахта, сабзавот, меваҷот
тоҷикистон, қазоқистоон, содирот, меава, хатлон, пахта, сабзавот, меваҷот
Содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот аз Хатлон ба Қазоқистон зиёд мешавад
Раиси вилояти Хатлон гуфт, вилоят барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Қазоқистон ҳавасманд аст.
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар гуфтугӯ бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов ва намояндагони доираҳои тиҷоратии ин кишвар масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Раиси вилоят зимни мулоқот таъкид намудааст, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти хориҷии Тоҷикистон мебошад.
"Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳои мо мусоидат менамоянд, манфиатдор ҳастем", — гуфт Давлаталӣ Саид.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи мамлакат буда, дар он қариб чор миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст.
“Дар вилоят ҳамасола зиёда аз 80 ҳазор тонна нахи пахта, 55 ҳазор пӯст аз чорвои калони шохдор ва чорвои майда, инчунин зиёда аз шаш ҳазор тонна пашм истеҳсол мешавад, ки қисми зиёди он ба хориҷи мамлакат содирот мешавад”, - афзуд раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилоят зимни мулоқот таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ин ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар саноати сабук замина мегузорад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкории Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва Қазоқистон табодули назар намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Қазоқистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Бояд гуфт, ки аз замони амалӣ намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардид.