Яке аз бонки бонуфузи Қазоқистон мехоҳад дар Тоҷикистон филиал кушояд

© БМТРоҳбари "Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” Айдос Жумагулов
Роҳбари Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” Айдос Жумагулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2023
Обуна шудан
Роҳбари "Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” дар дидор бо роҳбарияти Бонки миллӣ нақша дорад, фаъолияти худро боз ҳам васеъ намояд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Роҳбари "Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” Айдос Жумагулов дар мулоқот бо раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода дар Душанбе дар бораи кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар қаламрави Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва манфиатҳои тарафайн инкишоф ёфта.
Айдос Жумагулов зимни мулоқот қайд кард, ки “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” нақша дорад, доираи фаъолияти худро дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ-рақамӣ боз ҳам васеъ намояд.
Вай таъкид кард, ки номбурда барои кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар қаламрави Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
БМТ: Дар сурати фароҳам шудани шароит сомонии рақамӣ ба роҳ монда мешавад
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ қайд кард, ки қонунгузории бонкии Тоҷикистон барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.
“БМТ иқдоми “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-ро барои кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Тоҷикистон, ки барои ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди кишвар мусоидат менамояд, хуш истиқбол намуда, онро дар доираи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ менамояд”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар маҷмӯъ мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мутақобилан судманд ҷараён гирифт, ҷонибҳо барои тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои баррасишуда изҳори омодагӣ баён намуданд.
Лентаи хабарҳо
0