Рустами Эмомалӣ вориди Қирғизистон шуд

© Пресс-служба Верхней Палаты РТРустам Эмомали в Азербайджане
Рустам Эмомали в Азербайджане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2023
Обуна шудан
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ рафт
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба пойтахти Қирғизистон рафт.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ӯ дар Бишкек дар ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат мекунад.
Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси Олии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмблема и флаги участников Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Лоиҳа имзо шуд: ИДМ бо ифротгароӣ мубориза мебарад
Аллакай дар рӯзи аввали иҷлосия мулоқоти сарони парлумонҳои кишварҳои иттиҳод баргузор мешавад.
Котиботи Шӯрои ИДМ қаблан гуфта буд, ки ширкаткунандагон масъалаҳои ҷорӣ, натиҷаҳои чорабиниҳои соли 2023-ро ҷамъбаст хоҳанд кард ва дар бораи мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар фазои иттиҳод гузориш хоҳанд дод
Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар умури сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар навбати худ лоиҳаи консепсияи қонуни намунавии "Дар бораи таъминоти доруворӣ дар кишварҳои ИДМ"-ро баррасӣ намуда, меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва сиёсати муҳоҷиратро дар кишварҳои узви ИДМ баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2022 шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба макони мулоқоти раҳбарони порлумонҳои кишварҳо табдил шуда, иҷлосияи тирамоҳӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0