Лоиҳа имзо шуд: ИДМ бо ифротгароӣ мубориза мебарад

© Исполнительный комитет СНГ - Официальный сайтЭмблема и флаги участников Содружества Независимых Государств
Эмблема и флаги участников Содружества Независимых Государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Обуна шудан
Намояндагони кишварҳои ИДМ санадеро дар бораи баргузории амалиёти вижаи мухталиф ва ба реинтегратсияи афроде, ки аз манотиқи даргирӣ баргаштаанд, имзо карданд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Минск санаде ба имзо расид, ки бар асоси он кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як барномаеро дар заминаи ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ амалӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод хабар додааст.
Лоиҳа, ки барои солҳои 2025-2027 пешбинӣ шудааст, аз ҷониби гурӯҳи коршиносони кишварҳои ИДМ мувофиқа шудааст.
Дар маросими қабули санад намояндагони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ, котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат доштанд.
Сироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Муҳриддин: Пеши ИДМ дар муқоиса бо 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодааст
Бояд гуфт, ки барномаи лоиҳа аз ҷониби Узбекистон соли 2021 эълон шуда буд.
Мақсади асосии он таҳким ва рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар самти ҷилавгирии ифротгароӣ, аз ҷумла ба ҳаёти осоиштаи баргардонидани ашхосе, ки аз минтақаҳои даргириҳои мусаллаҳона баргаштаанд, мебошад.
Интизор меравад, ки барнома қонунгузории миллиро ба ҳам наздиктар намуда, ба рушди заминаи ҳуқуқии байналмиллалӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои давлатҳои иштирокчӣ ва мақомоти Иттиҳод дар соҳаи радикализатсия мусоидат хоҳад кард.
Барнома фаъолиятҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус, ҳамкорӣ дар омодасозии кадрҳо, такмили ихтисоси мутахассисон, ҳамкориҳои иттилоотию илмӣ ва табодули таҷрибаро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0