https://sputnik.tj/20231115/tojikstandart-khostor-sifat-mahsulot-vatani-1060468514.html
Раиси "Тоҷикстандарт" хостори боло бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ шуд
Раиси "Тоҷикстандарт" хостори боло бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати "Тоҷикстандарт" тасмим гирифтааст, барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронад
2023-11-15T09:09+0500
2023-11-15T09:09+0500
2023-11-15T11:25+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
маҳсулот
сифат
ширинӣ
"тоҷикстандарт"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101321/78/1013217886_0:436:4608:3028_1920x0_80_0_0_91021783fafb10d2770e8d294e8cc01b.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Директори агентии "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдулваҳобзода Темурҷон ва мутахассисони масъули соҳа бо фаъолияти "Фабрикаи қаннодии Амирӣ" шинос гардид. Ба иттилои ин ниҳод, Абдулваҳобзода бо раванди истеҳсолот ва шароити корхона шинос шуда, барои риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир машварат додаст. Иқтидори истеҳсолии "Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. "Бо чунин иқтидор корхона метавонад талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд ва дар корхонаи мазкур 135 номгӯи маҳсулот дар бастаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад", - омадааст дар иттилоия. Таъкид гардидаст, ки маҳсулоти корхона асосан дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва дар назар аст, дар оянда бояд содирот карда шавад.Тибқи маълумот айни замон 700 нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ кор мекунанд ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.Роҳбарияти "Тоҷикстандарт" дар робита ба ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникии қабулгардида суҳбат ороста, беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифатро муҳим хондаст.
https://sputnik.tj/20231031/dushanbe-korkhona-navi-sanoat-kushoda-1060243227.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101321/78/1013217886_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_0b710d99755c348fc51209c6d0ebcfae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздид, раис, тоҷикстандарт, корхона, амирӣ
боздид, раис, тоҷикстандарт, корхона, амирӣ
Раиси "Тоҷикстандарт" хостори боло бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ шуд
09:09 15.11.2023 (Навсозишуда: 11:25 15.11.2023) Раёсати "Тоҷикстандарт" тасмим гирифтааст, барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ мунтазам вохӯриҳо гузаронад
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Директори агентии "Тоҷикстандарт" Темурҷон Абдулваҳобзода Темурҷон ва мутахассисони масъули соҳа бо фаъолияти "Фабрикаи қаннодии Амирӣ" шинос гардид.
Ба иттилои ин ниҳод, Абдулваҳобзода бо раванди истеҳсолот ва шароити корхона шинос шуда, барои риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир машварат додаст.
Иқтидори истеҳсолии "Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
"Бо чунин иқтидор корхона метавонад талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд ва дар корхонаи мазкур 135 номгӯи маҳсулот дар бастаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидаст, ки маҳсулоти корхона асосан дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва дар назар аст, дар оянда бояд содирот карда шавад.
Тибқи маълумот айни замон 700 нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ кор мекунанд ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Роҳбарияти "Тоҷикстандарт" дар робита ба ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникии қабулгардида суҳбат ороста, беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифатро муҳим хондаст.