https://sputnik.tj/20231115/idomai-safar-rahmon-sugd-iftitoh-inshoot-guliston-khujand-1060470069.html
Идомаи сафари Раҳмон ба Суғд: Ифтитоҳи иншооти нав дар Гулистону Хуҷанд
Идомаи сафари Раҳмон ба Суғд: Ифтитоҳи иншооти нав дар Гулистону Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба вилояти Суғд бинои истиқоматӣ дар шаҳри Гулистон ва бинои нави Раёсати КДАМ дар Хуҷандро ифтитоҳ кард
2023-11-15T10:01+0500
2023-11-15T10:01+0500
2023-11-15T11:32+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
иншоот
таъсис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0f/1060470837_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_9d77f4f7efb8d211f84947ffea38f1e1.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор дод.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ супорид.Дар бинои нав 6 нафар аз соҳаи маориф, 4 табиб, 2 хизматчии давлатӣ, як корманди соҳаи фарҳанг ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, бо манзили зист таъмин гардиданд.Инчунин раисҷумҳури кишвар субҳи имрӯз ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, нахуст бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд бо назардошти санъати муосири меъморӣ бунёд гардида, аз 7 ошёна иборат мебошад.Роҳбари давлат зимни боздиду суҳбатҳо таъкид дошт, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид кормандони ин ниҳод бояд барои ҳифзи суботу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи бештар кӯшишу талош намоянд.“Хусусан кормандон дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бояд ҳушёриву зиракӣ ва далерию чолокиро аз даст надиҳанд”, - таъкид кард Раҳмон.
https://sputnik.tj/20231114/emomali-rahmon-ba-sughd-raft-1060458025.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0f/1060470837_51:0:1188:853_1920x0_80_0_0_3d2fb823bfad7952d86394800d004472.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, эмомалӣ раҳмон, ифтитоҳ, иншоот, гулистон, хуҷанд
тоҷикистон, суғд, эмомалӣ раҳмон, ифтитоҳ, иншоот, гулистон, хуҷанд
Идомаи сафари Раҳмон ба Суғд: Ифтитоҳи иншооти нав дар Гулистону Хуҷанд
10:01 15.11.2023 (Навсозишуда: 11:32 15.11.2023) Раҳбари Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба вилояти Суғд бинои истиқоматӣ дар шаҳри Гулистон ва бинои нави Раёсати КДАМ дар Хуҷандро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ супорид.
Дар бинои нав 6 нафар аз соҳаи маориф, 4 табиб, 2 хизматчии давлатӣ, як корманди соҳаи фарҳанг ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, бо манзили зист таъмин гардиданд.
Инчунин раисҷумҳури кишвар субҳи имрӯз ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, нахуст бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд бо назардошти санъати муосири меъморӣ бунёд гардида, аз 7 ошёна иборат мебошад.
Роҳбари давлат зимни боздиду суҳбатҳо таъкид дошт, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид кормандони ин ниҳод бояд барои ҳифзи суботу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи бештар кӯшишу талош намоянд.
“Хусусан кормандон дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бояд ҳушёриву зиракӣ ва далерию чолокиро аз даст надиҳанд”, - таъкид кард Раҳмон.