https://sputnik.tj/20231114/emomali-rahmon-ba-sughd-raft-1060458025.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти кишвар қарор аст, ки дар вилояти Суғд се рӯз бимонад ва ҷашни Рӯзи конститутсия ва ё сарқонунро дар он ҷой ҷашн бигирад
2023-11-14T09:47+0500
2023-11-14T09:47+0500
2023-11-14T11:29+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/07/1042698828_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_357e488696283cd62bf4518dccbe5038.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шимоли кишвар рафт.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд кишвардорро муовини сарвазир Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.Ҳадафи сафар шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинони вилоят гуфта мешавад.Тибқи гузоришҳо, шояд президент аз Қасри фарҳанги Арбоб ҳам дидан кунад, ки иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар авоили моҳи ноябри соли 1992 дар он ҷо баргузор шуд.Тибқи барнома имрӯз раисҷумҳур аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон боздид карда, дар ин манотиқ иншооти навсохтро ба истифода медиҳад.
https://sputnik.tj/20231114/eloni-rohbandi-sughd-nomi-kuchaho-1060456970.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/07/1042698828_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_b1468575d6301ee56466a8ff06d9c59f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон суғд сафар
эмомалӣ раҳмон суғд сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
09:47 14.11.2023 (Навсозишуда: 11:29 14.11.2023) Президенти кишвар қарор аст, ки дар вилояти Суғд се рӯз бимонад ва ҷашни Рӯзи президентро дар он ҷо ҷашн бигирад
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шимоли кишвар рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.
Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд кишвардорро муовини сарвазир Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Ҳадафи сафар шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинони вилоят гуфта мешавад.
Тибқи гузоришҳо, шояд президент аз Қасри фарҳанги Арбоб ҳам дидан кунад, ки иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар авоили моҳи ноябри соли 1992 дар он ҷо баргузор шуд.
Тибқи барнома имрӯз раисҷумҳур аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон боздид карда, дар ин манотиқ иншооти навсохтро ба истифода медиҳад.