Фуруши беш аз 10 ҳазор чипта ба бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонКубок Азии-2023: юношеская сборная Таджикистана прибыла в Бангкок
Кубок Азии-2023: юношеская сборная Таджикистана прибыла в Бангкок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2023
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд таваҷҷуҳи мухлисон ба бозии Тоҷикистон – Урдун зиёд аст ва то ҳол беш аз даҳ ҳазор чипта фурӯхта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. То имрӯз 10 ҳазору 750 чиптаи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Урдун фурӯхта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Урдун рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Қайд карда шудааст, ки ФФТ ба мухлисон тавсия додааст, ки бо назардошти зиёд будани шумораи мухлисон, ҳарчӣ зудтар чиптаҳоро харидорӣ намоянд.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
“Чиптаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Душанбе дастрас карда метавонед. Нархи онҳо аз 20 сомонӣ оғоз мешавад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.
Лентаи хабарҳо
0