Тоҷикистону Чин шабакаҳои мухобиротиашонро мепайванданд: ин чӣ фоида дорад?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДата-центр, архивное фото
Дата-центр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Обуна шудан
Таъкид мешавад, ин амал боиси ташкили хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глобалии Интернет мегардад
ДУШАНБЕ, 14 нояб – Sputnik. Шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин мустақиман пайваст мешаванд.
Ин иқдом Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун мекунад ва онро ба як кишвари транзитӣ табдил медиҳад.
Тибқи иттилое, ки маркази матбуотии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, дар ояндаи наздик пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом барои Тоҷикистон дар соҳаи алоқа аҳамияти муҳим дорад.
Девушка с телефоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
Дар минтақаҳои Тоҷикистон интернет ройгон мешавад?
“Ин амал дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма” сурат мегирад. Бо мақсади ҳарчи зудтар анҷом додани пайвасти мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин, корҳои корҳои амалӣ босуръат ҷараён дорад”, - гуфт манбаъ.
Таъкид мешавад, ки ин амал боиси ташкили хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глобалии Интернет мегардад.
“Ҳамчунин аҳамият ва потенсиали транзитии шабакаҳои телекоммуникатсионии кишварро боло бурда, бунбасти коммуникатсионии ҷумҳуриро аз байн мебарад”, - омадааст дар хабар.
Тоҷикистону Чин ду ҳамсоякишвар буда, як марзи муштараки 600 – километра доранд.
Лентаи хабарҳо
0