Эълони 3 рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: Маҳдудияти ҳаракат дар кадом кӯчаҳо сурат мегирад?

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗнак "Стоп" на границе, архивное фото
Знак Стоп на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Обуна шудан
Мақомоти БДА-и Суғд бо нашри эълон дар бораи маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт барои се рӯз дар баъзе аз роҳу кӯчаҳои ин вилоят хабар дод.
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Бино ба эълони мақомот, ки нусхаи он ба дасти хабарнигори Sputnik Тоҷикистон расид, рӯзҳои 14 – 16 ноябр сафари раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
Ба ин хотир мақомот аз маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳу кӯчаҳо хабар дода аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки ҳаракати воситаи нақлиётро аз тариқи роҳҳои ҳамшафат идома бидиҳанд.
Бар пояи эълони БДА , санаи 14 ноябри соли 2023 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Ҳувайдулоев- Б. Ғафуров-Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Бӯстон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ғафуров-кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ғафуров — кӯчаи Рӯзибой Юлдошеви ҷамоати Зарзамин ва кӯчаҳои А. Нозиров — Ҳоҷи Кенҷаев — Рӯзибой Қосимови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои И. Сомонӣ – Гагарин-Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, рохи автомобилгарди Хуҷанд - Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон маҳдуд мегардад.
Техникаи сохтмонӣ ва таъмири роҳҳо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2023
Дар Суғд дар шаш моҳ беш аз 1100 километр роҳ таъмир шудааст
“Санаи 15 ноябр ҳаркат дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд -Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ — Фирдавсӣ – 25 солаги Истиқлолият - Р. Ҳочиев - роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳудуди маҳаллаи Сартуқаи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои Раҳим Ҷалил-Султон Умаров ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, рохи автомобилгарди Хуҷанд-Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови нохияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон муваққатан маҳдуд мегардад” – омадааст, дар эълон.
Санаи 16 ноябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ғафуров, кӯчаҳои Фотех Ниёзӣ - Б. Ғафуров-Ҳувайдулоев шаҳри Бӯстон муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Дар чунин рӯзҳо бо иштироки масъулони ҳукумати кишвар мавриди баистифодадиҳии якчанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0