Мубодилаи тиҷории Эрону ИИАО дар 7 моҳ ба 4,2 млрд доллар расид

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРабота морского торгового порта
Работа морского торгового порта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
Обуна шудан
Бахши аъзами воридоти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Русия – колоҳои ғайринафтӣ ба маблағи 3 миллиард доллар (275 миллиард рубл) харидорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ миёни Теҳрон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҳафт моҳи аввали соли тақвимии Эрон (21 март - 22 октябр) ба 4,2 миллиард доллар (385 миллиард рубл) расид.
Дар ин бора хабаргузории Tasnim дар такя ба маълумотҳои гумрукии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат Эрон ба кишварҳои узви ИИАО ду миллион тонна коло ба маблағи 922 миллион доллар (85 миллиард рубл) содир кард ва ба маблағи 3,3 миллиард доллар (305 миллиард рубл) шаш миллион тонна колоҳои ғайринафтӣ ворид кард.
Бахши аъзами воридоти Эрон аз Русия – колоҳои ғайринафтӣ ба маблағи 3 миллиард доллар (275 миллиард рубл) ворид шудааст.
Ҳамин тариқ дар хариди колоҳои Эрон низ Русия бо 532 млн (49 млрд руб.) доллар пешсаф аст.
Вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Арзибек Кожошев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Кожошев гуфт, кишварҳои ИИАО ба долони "Шимол - Ҷануб" таваҷҷуҳ доранд
Дар зинаи дуюм Арманистон бо 235 млн доллар (21,5 млрд руб.), Қазоқистон бо хариди 105 млн (9,65 млрд руб.) молҳои эронӣ дар мақоми сеюм буда, Қирғизистону Беларус муттаносибан бо воридоти 40 млн (3,7 млрд руб.) ва 10 млн (920 млн руб.) дар охир қарор доранд.
Эрон ва ИИАО ҳарчӣ бештар талош доранд, ки тиҷоратро боз бештар гардонанд.
Ахиран дафтари матбуоти ҳукумати Беларус хабар дода буда, ки қарор аст, ки Созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон то охири соли 2023 имзо расад.
"Кор болои лоиҳаи созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон ба анҷом расид. Ин санад имсол имзо мешавад", - гуфтааст ҳукумати Белорус.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар ҳоли ҳозир миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созишномаи муваққатӣ вуҷуд дорад, ки барои ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ, ки дар соли 2018 дар Остона имзо шуда буд, замина фароҳам месозад.
Лентаи хабарҳо
0