https://sputnik.tj/20231005/bahsi-rushd-haml-naql-miyon-kishvar-iiao-ima-1059805365.html
Кожошев гуфт, кишварҳои ИИАО ба долони "Шимол - Ҷануб" таваҷҷуҳ доранд
Кожошев гуфт, кишварҳои ИИАО ба долони "Шимол - Ҷануб" таваҷҷуҳ доранд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои амалӣ намудани лоиҳаҳои зерсохторӣ талош доранд, ки метавонанд роҳҳои нави тиҷорату имконоти ҷадидро бикушоянд
2023-10-05T17:59+0500
2023-10-05T17:59+0500
2023-10-05T18:11+0500
дар ҷаҳон
нақлиёт
иттиҳоди иқтисодии уросиё
имороти муттаҳидаи араб
баррасӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/05/1059800886_0:133:3144:1902_1920x0_80_0_0_c4475803f52354bb6e6bd16228c7c65b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Долони байналмилалии нақлиётии "Шимол - Ҷануб" аз масоили меҳварии баррасишаванда миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад. Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё масоили ҳамлу нақли бор ва инфрасохтори нақлиётӣ дар заминаи "Шимол-Ҷануб" дар мулоқоти вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо вазири энергетика ва инфрасохтори ИМА, Суҳайл Муҳаммад Ал Мазруӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи қарорҳои муосири рақамӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, бахусус дар манотиқи бандарҳои баҳрӣ ва густариши ҳамкорӣ дар рушди технологияҳои сабз ва манобеъи барқароршавандаи энергияро баррасӣ карданд. Кожошев махсусан ба аҳамияти долони байналмилалии "Шимол - Ҷануб" таъкид кардааст. "Феълан дар ҳудуди АвруОсиё долони байналмилалии нақлиётии "Шимол - Ҷануб" босуръат рушд ёфта истодааст ва кишварҳои узви ИИАО барои татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ талош доранд, ки роҳҳои нави тиҷорату имконоти ҷадид барои Иттиҳодро мекушоянд", - гуфт ӯ. Ин тарҳ ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан аз тариқи Туркманистону Эрон ва минбаъд бо роҳи баҳрӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад.Зарфияти боркашонӣ тариқи долони "Шимол-Ҷануб" метавонад то соли 2030 ба 41-45 млн тон расад, интизор доранд таҳлилгарони ИИАО.
https://sputnik.tj/20231004/kozhoshev-samt-asosi-rushd-naqliyot-iiao-1059789155.html
имороти муттаҳидаи араб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/05/1059800886_413:0:3144:2048_1920x0_80_0_0_2f9120641dc86472964301dcfc04dfb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, шимол, ҷануб, баррасӣ
иттиҳоди иқтисодии авруосиё, шимол, ҷануб, баррасӣ
Кожошев гуфт, кишварҳои ИИАО ба долони "Шимол - Ҷануб" таваҷҷуҳ доранд
17:59 05.10.2023 (Навсозишуда: 18:11 05.10.2023) Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои амалӣ намудани лоиҳаҳои зерсохторӣ талош доранд, ки метавонанд роҳҳои нави тиҷорату имконоти ҷадидро бикушоянд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Долони байналмилалии нақлиётии "Шимол - Ҷануб" аз масоили меҳварии баррасишаванда миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё масоили ҳамлу нақли бор ва инфрасохтори нақлиётӣ дар заминаи "Шимол-Ҷануб" дар мулоқоти вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо вазири энергетика ва инфрасохтори ИМА, Суҳайл Муҳаммад Ал Мазруӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи қарорҳои муосири рақамӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, бахусус дар манотиқи бандарҳои баҳрӣ ва густариши ҳамкорӣ дар рушди технологияҳои сабз ва манобеъи барқароршавандаи энергияро баррасӣ карданд.
Кожошев махсусан ба аҳамияти долони байналмилалии "Шимол - Ҷануб" таъкид кардааст.
"Феълан дар ҳудуди АвруОсиё долони байналмилалии нақлиётии "Шимол - Ҷануб" босуръат рушд ёфта истодааст ва кишварҳои узви ИИАО барои татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохторӣ талош доранд, ки роҳҳои нави тиҷорату имконоти ҷадид барои Иттиҳодро мекушоянд", - гуфт ӯ.
Ин тарҳ ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан аз тариқи Туркманистону Эрон ва минбаъд бо роҳи баҳрӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад.
Зарфияти боркашонӣ тариқи долони "Шимол-Ҷануб" метавонад то соли 2030 ба 41-45 млн тон расад, интизор доранд таҳлилгарони ИИАО.