https://sputnik.tj/20231112/tojikiston-sozishnoma-qarz-grant-1060438942.html
Тоҷикистон 15 созишномаи нави қарзию грантӣ бастааст: Вазир гуфт, хавфе нест
Тоҷикистон 15 созишномаи нави қарзию грантӣ бастааст: Вазир гуфт, хавфе нест
Sputnik Тоҷикистон
Вазири молияи Тоҷикистон он ҳаҷми қарзҳоеро, ки ба иқтисоди ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд, дар доири эътидол ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ хонд
2023-11-12T11:58+0500
2023-11-12T11:58+0500
2023-11-12T12:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарзҳо
зиёд шуд
вазир
молия
ммд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102890/31/1028903159_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_d8213a08d3cbc6cb59c77c871bc5729c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ барои маблағгузории иловагии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 285 млн доллари амрикоӣ созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расидаанд. Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳорзода зимни як ҷаласа дар парлумон иттилоъ дод. Вазири молия таъкид намуд, ки қисмати бештари созишномаҳоро грантҳо ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳаҷми умумии маблағи созишномаҳои имзошуда зиёда аз 263 млн доллар ё қариб 92,5% грантҳо мебошанд. Вай илова намуд, ки танҳо камтар аз 22 млн долллар қарзҳои имтиёзнок мебошанд, ки баробари камтар аз 8%-и маблағҳои ҷалбгардида мебошад. Вазири молия таъкид намуд, ки меъёру талаботи дар стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муқарраршуда ва тавсияҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вобаста ба андозаи қарзи давлатӣ нисбат ба ММД риоя мешавад. Файзиддин Қаҳҳорзода мутмаин аст, ки қарзи давлатии Тоҷикистон дар сатҳи бехавф қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230814/kumita-andoz-bujet-tojikiston-pul-vorid-1058809394.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102890/31/1028903159_106:0:1926:1365_1920x0_80_0_0_9de79c5c56553b95d8cdbcba0f680ddc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарз, афзоиш, эътидол, тавсия, байналмилалӣ
тоҷикистон, қарз, афзоиш, эътидол, тавсия, байналмилалӣ
Тоҷикистон 15 созишномаи нави қарзию грантӣ бастааст: Вазир гуфт, хавфе нест
11:58 12.11.2023 (Навсозишуда: 12:01 12.11.2023) Вазири молияи Тоҷикистон он ҳаҷми қарзҳоеро, ки ба иқтисоди ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд, дар доири эътидол ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ хонд
ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ барои маблағгузории иловагии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 285 млн доллари амрикоӣ созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расидаанд.
Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳорзода зимни як ҷаласа дар парлумон иттилоъ дод.
"Ҷиҳати амалӣ намудани 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 284,7 млн. доллари амрикоӣ, 15 созишномаи нави қарзию грантӣ ба имзо расид", - гуфт ӯ.
Вазири молия таъкид намуд, ки қисмати бештари созишномаҳоро грантҳо ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳаҷми умумии маблағи созишномаҳои имзошуда зиёда аз 263 млн доллар ё қариб 92,5% грантҳо мебошанд.
Вай илова намуд, ки танҳо камтар аз 22 млн долллар қарзҳои имтиёзнок мебошанд, ки баробари камтар аз 8%-и маблағҳои ҷалбгардида мебошад.
Вазири молия таъкид намуд, ки меъёру талаботи дар стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муқарраршуда ва тавсияҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вобаста ба андозаи қарзи давлатӣ нисбат ба ММД риоя мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода мутмаин аст, ки қарзи давлатии Тоҷикистон дар сатҳи бехавф қарор дорад.