https://sputnik.tj/20230814/kumita-andoz-bujet-tojikiston-pul-vorid-1058809394.html
Кумитаи андоз гуфт, ки ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар пул ворид кард
Кумитаи андоз гуфт, ки ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар пул ворид кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷумҳури мизони иҷроиши нақшаи андоз беҳбуд пайдо карда, зарфи шаш моҳ танҳо дар ду самт иҷро нашудааст
2023-08-14T11:48+0500
2023-08-14T11:48+0500
2023-08-14T18:10+0500
дар тоҷикистон
кумитаи андоз
андоз
буҷа
пул
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_1ae8d6c2e72cba41790c9d21e76f2316.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 8 млрд 510,2 млн сомонӣ маблағ ворид гардид.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра аз нақша бештар маблағ гирдоварӣ шудааст. Аммо, бино ба таъкиди Кумита дар ин давра қарзи андоз низ ба маблағи 36,2 млн зиёд шуда, дар умум ба 764,3 млн сомонӣ баробар шудааст. Ҳамзамон Кумитаи андоз қайд кардааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 9,4 ҳазор адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 532,1 млн сомонӣ қабул гардид. “Аз ин ҳисоб дар маҷмӯъ ба буҷет 486 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,4 млн сомонӣ зиёд аст”, - хабар додааст манбаъ. Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд. Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ танҳо андоз аз корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ва аз захираҳои табиӣ таъмин нагардид.
https://sputnik.tj/20230810/maqomot-andoz-viloyati-sugd-saroyanda-qarzdor-1058756131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_50:0:1473:1067_1920x0_80_0_0_30e97a4141e6ced08b24636d6f41fdcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи андоз буҷет тоҷикистон пул ворид
кумитаи андоз буҷет тоҷикистон пул ворид
Кумитаи андоз гуфт, ки ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар пул ворид кард
11:48 14.08.2023 (Навсозишуда: 18:10 14.08.2023) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ мизони иҷроиши нақшаи андоз беҳбуд пайдо карда, зарфи шаш моҳ танҳо дар ду самт иҷро нашудааст
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 8 млрд 510,2 млн сомонӣ маблағ ворид гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра аз нақша бештар маблағ гирдоварӣ шудааст.
"Тайи шаш моҳи соли равон нақшаи андозҳо 594 млн сомонӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои тасдиқшуда ва 411,5 млн сомонӣ нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёд иҷро гардид", - афзудааст манбаъ.
Аммо, бино ба таъкиди Кумита дар ин давра қарзи андоз низ ба маблағи 36,2 млн зиёд шуда, дар умум ба 764,3 млн сомонӣ баробар шудааст.
Ҳамзамон Кумитаи андоз қайд кардааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 9,4 ҳазор адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 532,1 млн сомонӣ қабул гардид.
“Аз ин ҳисоб дар маҷмӯъ ба буҷет 486 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,4 млн сомонӣ зиёд аст”, - хабар додааст манбаъ.
Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ танҳо андоз аз корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ва аз захираҳои табиӣ таъмин нагардид.