Тоҷикистон чӣ қадар молро фурӯхту чӣ қадарро харид?

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкДорожная сеть Амурской области
Дорожная сеть Амурской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Обуна шудан
Камшавӣ асосан дар бахши содироти мол аз Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, воридоти коло баръакс афзоиш ёфтааст. Фарқияти содироту воридот қариб 5 баробар аст
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи аввали соли равон ба 5,1 млрд доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Дар ин бора Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ додаА, афзуд, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 508 млн доллар ва ё 9% кам аст.
Аз ҳаҷми умумии гардиши мол қариби 4,2 млрд доллар ба воридот ва зиёда аз 934 млн доллар ба содирот рост меояд.
Бутылки с подсолнечным маслом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монд
Маъмурини гумрук мегӯянд, дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон нисбати ба ҳамин давраи соли пешӣ воридот қариби 369 млн доллар ва ё 10% зиёд шуда, содирот наздики 877 млн доллар ва ё 48% коҳиш ёфтааст.
Дар таркиби савдои хориҷии Тоҷикистон наздики 82% ба воридот ва беш аз 18% марбути содирот мебошад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон нақшаи пардохтҳои гумрукиро барои нуҳмоҳа қариби 5,5 млрд сомонӣ гуфт, аммо амалан буҷа дар ин муддат зиёда аз 6,7 млрд сомонӣ ворид гардидаст.
Мақомоти гумруки Тоҷикистон таъкид намуданд, ки сарфи назар аз омилҳои мухталиф нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд иҷро намуданд.
Лентаи хабарҳо
0