Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаБутылки с подсолнечным маслом
Бутылки с подсолнечным маслом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Обуна шудан
Ҳаҷми колое, ки Тоҷикистон дар давоми 9 моҳи аввали соли равон аз Русия ворид кардааст, дар қиёс ба ҳаҷми моле, ки ба он ҷо содир намудааст, 11 баробар зиёд аст
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тоҷикистон бо Русия дар ҳаҷми беш аз 1,2 млрд доллари амрикоӣ дар нуҳ моҳ додугирифт доштааст, ки беш аз 102 млн доллар ба содирот ва 1 млрду 111 млн доллар ба содирот рост меояд.
Бар асоси омори гумрукии Тоҷикистон, Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Душанбе боқӣ мондаст, ки беш аз чоряки савдои хориҷӣ бо ин кишвар рост меояд.
Дар миёни кишварҳои ИДМ Қазоқистон дар ҷои дуввум қарор гирифтааст, ки ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон наздик ба 830 млн долларро ташкил дод. Савдои тарафайни Тоҷикистону Қазоқистон дар 9 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% коҳиш ёфтааст.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Касри савдои хориҷии Тоҷикистон бештар шуд
Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ Қазоқистон ба харидори аслии молҳои Тоҷикистон табдил ёфта, 22% ҳаҷми умумии содирот ба ин кишвар рост меояд.
Мубодилоти мол бо Беларус зиёда аз 26% афзуда, ба 68 млн доллар баробар гардидаст.
Савдо бо Озарбойҷон ба андозаи 32% зиёд гардида, беш аз 6 млн доллар расид.
Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Арманистон - 334,1 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 маротиба бештар аст.
Гардиши коло бо Молдова 1,7 баробар афзоиш ёфта, 148 ҳазор долларро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0