Дар хуни Нурмуҳаммадов допинг ошкор шуд: Ӯро аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум мекунанд?

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкДопинг-контроль, архивное фото
Допинг-контроль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Обуна шудан
Дар хуни чемпиони Bellator яке аз номояндагони оилаи маъруфи варзишкорони доғистонӣ допинг ошкор шуд. Вай қазияро шарҳ доду изҳори таассуф намуд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Варзишкори ҳунарҳои размии омехта, Усмон Нурмуҳаммадов дар бораи маҳрум шуданаш аз ҳаққи муҳорибаҳо ба далели допингро тавзеҳ дод.
Нурмуҳаммадов, ки пас аз мубориза ва пирӯзияш бар Брент Примуси амрикоӣ ташхис супорид ва натиҷаҳои он мусбат баромад, иттилоъ дод рӯзноманигор Ариэл Ҳелванӣ бо истинод ба Комиссияи варзишии иёлати Калифорния.
Вай, ки дар ин мубориза пирӯз шуда буд, ҳамакнун ҳаққи ним сол майдондорӣ карданро надорад.
"Чанд моҳ пеш аз муҳориба ман аз даври табобат гузаштам, аммо мутаассифона, комиссияи варзиширо пешакӣ огоҳ накардам", - гуфт ӯ.
Таджикская спортсменка Мавзуна Чориева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Бидуни допинг: Чориева шеваи дурусти зӯрозмоиро таълим медиҳад
Варзишкор қайд кард, ки комиссия пас аз пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки воқеан аз табобат гузаштааст, маҳрум кардан аз ҳаққи муҳорибаро ба муддати ним сол таъйин кард, на дарозтар.
Дар навбати худ мудири Bellator Майк Коган гуфт, ки Нурмуҳаммадов аз унвони қаҳрамон маҳрум нахоҳад шуд.
"Ҳеҷ кас ӯро аз ягон унвон маҳрум намекунад. Муҳорибаи ҷавобӣ бо Брент Примус ягона чизест, ки маъно дорад", - навиштааст Коган дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Усмон Нурмаҳаммадов аз наздикони размикори маъруф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад, ки 25 сол дорад. Вай дар 17 муҳорибаи касбӣ 17 пирӯзӣ ба даст овардааст.
Лентаи хабарҳо
0