https://sputnik.tj/20220525/doping-chorieva-zurozmoi-talim-1048705573.html
Бидуни допинг: Чориева шеваи дурусти зӯрозмоиро таълим медиҳад
Бидуни допинг: Чориева шеваи дурусти зӯрозмоиро таълим медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар навоҳии ҷумҳурӣ шеваи дурусти мусобиқаҳои варзишӣ бидуни допингро таълим медиҳад
2022-05-25T18:00+0500
2022-05-25T18:00+0500
2022-05-25T20:10+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
допинг
комиссия
исфара
одоб
ахлоқ
варзишгарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044770550_0:28:750:450_1920x0_80_0_0_b168e3030bcc728201384ec75d677475.png
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мавзуна Чориева, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ барои варзишгарон дар навоҳии ҷумҳурӣ иштирок мекунад. Тибқи иттилои КМОТ, аз ҷумла дар шаҳри Исфара семинари омӯзишии Комиссияи варзишгарони КМОТ оғоз гардид, ки 2 рӯз идома меёбад. Таъкид шудааст, ки давраи омӯзиширо Мавзуна Чориева, раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар риштаи муштзанӣ роҳбарӣ мекунад. Дар Исфара, ки зодгоҳи бисёре аз варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла муштзану размикорҳо мебошад, намояндагии Комиссияи варзишгарони КМОТ таъсис дода мешавад.Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи варзишгарони КМОТ соли 2020 таъсис ёфта, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси он интихоб шуд. Худи ҳамон сол дар марказҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе намояндагиҳои комиссия таъсис ёфтанд. Ҳамчунин намояндагони Комиссияи варзишгарон, тибқи тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ба узвияти Ассамблеяи генералӣ ва Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб гардиданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз варзишгарони шинохтаи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар истифодаи допинг муттаҳам шуда, барои як муддат аз мусобиқаҳо барканор гардида буданд.
https://sputnik.tj/20220525/qurakashi-javononi-tojikiston-1048700672.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044770550_83:0:750:500_1920x0_80_0_0_61837f7100053ac8c2db0b39cf2e5295.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарғиб, мусобиқа, допинг, исфара, чориева
тарғиб, мусобиқа, допинг, исфара, чориева
Бидуни допинг: Чориева шеваи дурусти зӯрозмоиро таълим медиҳад
18:00 25.05.2022 (Навсозишуда: 20:10 25.05.2022) Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар навоҳии ҷумҳурӣ шеваи дурусти мусобиқаҳои варзишии бидуни допингро таълим медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мавзуна Чориева, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ барои варзишгарон дар навоҳии ҷумҳурӣ иштирок мекунад.
Тибқи иттилои КМОТ, аз ҷумла дар шаҳри Исфара семинари омӯзишии Комиссияи варзишгарони КМОТ оғоз гардид, ки 2 рӯз идома меёбад.
Таъкид шудааст, ки давраи омӯзиширо Мавзуна Чориева, раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар риштаи муштзанӣ роҳбарӣ мекунад.
"Бо варзишгарони ҷавон масъалаҳои барои онҳо алоқаманд, мисли мубориза бо допинг, бозии одилона, Кодекси одоби варзишгар, фаъолияти комиссия, дастгирии варзишгарон аз ҷониби ҳукумат ва ғайра баррасӣ мешаванд", - афзуд манбаъ.
Дар Исфара, ки зодгоҳи бисёре аз варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла муштзану размикорҳо мебошад, намояндагии Комиссияи варзишгарони КМОТ таъсис дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи варзишгарони КМОТ соли 2020 таъсис ёфта, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси он интихоб шуд. Худи ҳамон сол дар марказҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе намояндагиҳои комиссия таъсис ёфтанд.
Ҳамчунин намояндагони Комиссияи варзишгарон, тибқи тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ба узвияти Ассамблеяи генералӣ ва Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз варзишгарони шинохтаи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар истифодаи допинг муттаҳам шуда, барои як муддат аз мусобиқаҳо барканор гардида буданд.