Медали сеюми Тоҷикистон аз қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо

© Sputnik Международный турнир по вольной народной борьбе - гуштингири в Таджикистане
Международный турнир по вольной народной борьбе - гуштингири в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи сеюм ва ҷамъбастии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо, ки дар Арманистон идома дорад, 5 паҳлавони тоҷик зӯрозмоӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Паҳлавони тоҷик, Худоёр Раҷабов барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар шаҳри Ереван гардид.
Раҷабов, ки дар вазни то 71 кило дар Арманистон зӯрозмоӣ мекард, сеюмин нишони биринҷиро барои мунтахаби Тоҷикистон овард.
Дар рӯзи сеюм ва ҷамъбастии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо, ки дар Арманистон идома дорад, 5 паҳлавони тоҷик зӯрозмоӣ мекунанд
Допинг-контроль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Дар хуни Нурмуҳаммадов допинг ошкор шуд: Ӯро аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум мекунанд?
Дар ин феҳраст аз ҷумла Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Бахтовар Замиров (-98 кг), самбои размӣ - Худоёр Раҷабов (-71 кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88 кг), Исмат Саймуҳаммадзода (+98 кг) ном бурда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷаҳони самбо дар шаҳри Ереван Бобохон Мирзозодаи 25-сола дар рақобатҳои самбои размӣ дар вазни то 58 кило мақоми сеюм гирифта, дуюмин медалро аз мусобиқот барои кишвар овард.
Медали аввали биринҷиро Акмалиддин Каримов дар вазни 58 кило гирифта буд.
Баргузоркунандагон барои ҷойи аввал 4 ҳазор доллари амрикоӣ, барои зинаи дуюм - 3 ҳазор ва барои ҷойи сеюм - 2 ҳазор доллар ҷоизапулӣ муқаррар кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0