https://sputnik.tj/20231112/agentii-korrupsiya-kalontarin-zarari-zarafshon-1060441666.html
Агентии зидди коррупсия садҳо млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаст
Агентии зидди коррупсия садҳо млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаст
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар давоми 9 моҳ дар корхонаю идораҳо 206 санҷиш гузарондаанд
2023-11-12T18:56+0500
2023-11-12T18:56+0500
2023-11-15T14:29+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кодекси ҷиноят
санҷиш
коррупсия
ширкати "зарафшон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар натиҷаи беш аз 200 санҷиш дар корхонаю идораҳо дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 214 млн сомонӣ зарар ошкор карда шуд. Дар ин бора муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода иттилоъ дод, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум". Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш 12 млн сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус - 5,5 млн. сомонӣ, дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ - беш аз 5 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудаст.ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Душанбе, Норак, Бохтар, Гулистон ва Истаравшан 4 млн сомонӣ зарар ба давлат овардаанд. Дар зерсохтори Гвардияи миллӣ қариби 4 млн сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қариби 3 млн сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ 2,6 млн сомонӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ - 2,5 млн сомонӣ ва "Тоҷикстандарт" - 2,2 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.Аз ҷумлаи камбудиҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ, тасарруф, изофанависӣ, талафи воситаҳои пулӣ ва пинҳонсозии андозҳо ном бурда шудаанд.
https://sputnik.tj/20230928/tartib-dodani-parvandai-maqomdoron-khatlon-1059664154.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ниҳод, фасод, ташкил, корхона, агентии зидди коррупсия
ниҳод, фасод, ташкил, корхона, агентии зидди коррупсия
Агентии зидди коррупсия садҳо млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаст
18:56 12.11.2023 (Навсозишуда: 14:29 15.11.2023) Мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар давоми 9 моҳ дар корхонаю идораҳо 206 санҷиш гузарондаанд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар натиҷаи беш аз 200 санҷиш дар корхонаю идораҳо дар Тоҷикистон ба маблағи қариб 214 млн сомонӣ зарар ошкор карда шуд.
Дар ин бора муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода иттилоъ дод, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш 12 млн сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус - 5,5 млн. сомонӣ, дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ - беш аз 5 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудаст.
ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ", шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Душанбе, Норак, Бохтар, Гулистон ва Истаравшан 4 млн сомонӣ зарар ба давлат овардаанд.
Дар зерсохтори Гвардияи миллӣ қариби 4 млн сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қариби 3 млн сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ 2,6 млн сомонӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ - 2,5 млн сомонӣ ва "Тоҷикстандарт" - 2,2 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.
Аз ҷумлаи камбудиҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ, тасарруф, изофанависӣ, талафи воситаҳои пулӣ ва пинҳонсозии андозҳо ном бурда шудаанд.