https://sputnik.tj/20230928/tartib-dodani-parvandai-maqomdoron-khatlon-1059664154.html
Тартиб додани 121 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати мақомдорони Хатлон
Тартиб додани 121 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати мақомдорони Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон ахиран дастур дод, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар самти муқовимат ба коррупсия таъсисдодашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд
2023-09-28T19:35+0500
2023-09-28T19:35+0500
2023-09-28T19:35+0500
дар тоҷикистон
хатлон
давлаталӣ саид
мансабдор
парванда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059663972_0:24:1280:744_1920x0_80_0_0_406088c38495ae565f77e0a7d79fbd86.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон ахиран дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон гуфт, ки барои пешгирии коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ин зуҳуроти номатлуб ба роҳбарони идораҳо, корхона ва муассисаҳои давлатии ҳудуди вилояти Хатлон 150 дастури хаттӣ ва 155 пешниҳод оид ба татбиқи он ирсол карда шуд.Вай гуфт барои дар амал татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур ва фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар бораи пешгирии коррупсия дар назди мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва корхонаю муассисаҳои он аз тарафи кормандони раёсат 31 маротиба санҷишҳо гузаронида шудааст.ҲАмчунин Давлаталӣ Саид ба масъулони ниҳодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дастур дод, ки низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи Дастурамали коргузорӣ, ташкили кор дар самти назорат оид ба фаъолияти гурӯҳҳои кории дар самти муқовимат ба коррупсия таъсисдодашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.Вай ҳамчунин дар ин ҷаласа ҳисоботи раисони Кумитаҳои идораи замини вилоят ва минтақаро дар бораи пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва таъмини иҷрои Кодекси замини Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дод.
https://sputnik.tj/20230920/khatlon-khonavoda-joyhoi-amn-kuchonida-1059479197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059663972_77:0:1214:853_1920x0_80_0_0_48ff5cd840936bb3911ea463b42c3464.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, давлаталӣ саид, парванда, мансабдор, ҷазо, муқовимат
тоҷикистон, хатлон, давлаталӣ саид, парванда, мансабдор, ҷазо, муқовимат
Тартиб додани 121 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати мақомдорони Хатлон
Раиси вилояти Хатлон ахиран дастур дод, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар самти муқовимат ба коррупсия таъсисдодашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон ахиран дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон гуфт, ки барои пешгирии коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ин зуҳуроти номатлуб ба роҳбарони идораҳо, корхона ва муассисаҳои давлатии ҳудуди вилояти Хатлон 150 дастури хаттӣ ва 155 пешниҳод оид ба татбиқи он ирсол карда шуд.
Вай гуфт барои дар амал татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур ва фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар бораи пешгирии коррупсия дар назди мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва корхонаю муассисаҳои он аз тарафи кормандони раёсат 31 маротиба санҷишҳо гузаронида шудааст.
“Дар натиҷа нисбат ба 121 нафар шахсони мансабдор, ки ба иҷро накардани бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия роҳ доданд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст”, - таъкид кард раиси вилоят.
ҲАмчунин Давлаталӣ Саид ба масъулони ниҳодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дастур дод, ки низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи Дастурамали коргузорӣ, ташкили кор дар самти назорат оид ба фаъолияти гурӯҳҳои кории дар самти муқовимат ба коррупсия таъсисдодашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Вай ҳамчунин дар ин ҷаласа ҳисоботи раисони Кумитаҳои идораи замини вилоят ва минтақаро дар бораи пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва таъмини иҷрои Кодекси замини Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дод.