Медведев: Толибон* вазъи маводи мухаддир дар Афғонистонро тағйир доданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкЗаседание программной комиссии партии "Единая Россия"
Заседание программной комиссии партии Единая Россия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфт, ки гурӯҳи Толибон* вазъи бо маводи мухаддир дар Афғонистонро зуд тағйир дод
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар давоми камтар аз як сол тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон 95% коҳиш ёфт, навиштааст дар Telegram-канали худ Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев.
Ба гуфтаи вай ҳукумати Толибон* тавонист он кореро анҷом диҳад, ки Иёлоти Муттаҳида дар 20 сол анҷом дода натавонист.
"Тибқи маълумоти Идораи СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, аз охири соли 2022 то имрӯз истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон 95% коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин ин раванд ба коҳиши майдони кишти кӯкнор (аз 233 то 11 ҳазор гектар) дахл дорад ва худи истехсоли афюн (аз 6,2 хазор то 333 тонна) коҳиш ёфтааст”, - таъкид кард оқои Медведев.
Забиулла Муджахид, Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Таъкиди толибон* бар ҳамкории ҳамсоягон барои барқарории субот дар Афғонистон
Вай илова кард, ки дар давоми камтар аз як сол Толибон*, сарфи назар аз он ки ба онҳо чӣ гуна муносибат мекарданд, онҳо он кореро, ки кишварҳои Ғарб ва НАТО бо сардории америкоиҳо, ки натавонистанд анҷом диҳанд ва гуё дар ин кишвар ба муқобили терроризм мубориза мебурд, анҷом доданд
“Дар давоми 20 сол ин корро карда натавонистанд. Ин намунаи он аст, ки дар содироти ҳероин ба Русия ва дигар кишварҳо кӣ манфиатдор буд”, - навиштааст Медведев.
* - Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0