https://sputnik.tj/20231107/tolibon-hamkori-hamsoya-barqarori-subot-afghoniston-1060349556.html
Таъкиди толибон* бар ҳамкории ҳамсоягон барои барқарории субот дар Афғонистон
Таъкиди толибон* бар ҳамкории ҳамсоягон барои барқарории субот дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи расмии ҳукумати толибон* ахиран дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон субот дар Афғонистонро ниёзманди рӯйкарди мусбати ҳамсоягон дар қиболи Кобул донист
2023-11-07T10:44+0500
2023-11-07T10:44+0500
2023-11-07T12:13+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
кобул
кишвари ҳамсоя
ҳамсоя
забеҳуллоҳ муҷоҳид
толибон
субот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_0:52:3012:1746_1920x0_80_0_0_09d974c7814931c097c53e5e9bf2c95d.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Сухангӯи расмии ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз суханони ахири Шавкат Мирзиёев раисҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аҳамияти сулҳу амният дар Афғонистон истиқбол кард.Вай афзуд, ҳамкории кишварҳои минтақа дар эҷоди сулҳу субот дар ин кишвар муҳим аст ва равобити мустаҳками дипломатии кишварҳои ҳамсоя бо ҳайати ҳокимаи Афғонистон зарурӣ аст.Сухангӯии толибон* ҳамчунин бо таъкид бар зарурати кумакҳои минтақа барои ҳифзи сабот дар Афғонистон изҳор кард, ки бояд бо ҳамкорӣ аз бурузи мушкилоти ҷадид ҷилавгирӣ кард.Ёдоварӣ мекунем, ки Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон авохири ҳафтаи пеш бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши тавваҷуҳи ҷаҳонӣ ба бӯҳрони инсонӣ дар Афғонистон дар пайи ташдиди ҷанг дар соири кишварҳо, бар лузуми ҷилавгирӣ аз кунд шудани ирсоли кумакҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ ба мардуми ин кишвар таъкид карда буд.Толибон* ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз поини ҷанг дар кишвар ва ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аъзои гуруҳ ташкили ҳукумати фарогир ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсонӣ, аз ҷумла ҳақи занон ба таҳсилу корро талаб дорад.* - созмон ё гурӯҳе, ки ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20231015/stanakzay-hamsoyaho-muhojiron-afghon-afghoniston-1059961521.html
афғонистон
ӯзбекистон
кобул
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1c/1041945331_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_b03b77923f0a1b9bb5cefcb5f9e31ce2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳамсояҳо, ҳамкорӣ, барқарорӣ, кобул, субот, сулҳ, ӯзбекистон
афғонистон, ҳамсояҳо, ҳамкорӣ, барқарорӣ, кобул, субот, сулҳ, ӯзбекистон
Таъкиди толибон* бар ҳамкории ҳамсоягон барои барқарории субот дар Афғонистон
10:44 07.11.2023 (Навсозишуда: 12:13 07.11.2023) Сухангӯи расмии ҳукумати толибон* ахиран дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон субот дар Афғонистонро ниёзманди рӯйкарди мусбати ҳамсоягон дар қиболи Кобул донист
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Сухангӯи расмии ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз суханони ахири Шавкат Мирзиёев раисҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аҳамияти сулҳу амният дар Афғонистон истиқбол кард.
Вай афзуд, ҳамкории кишварҳои минтақа дар эҷоди сулҳу субот дар ин кишвар муҳим аст ва равобити мустаҳками дипломатии кишварҳои ҳамсоя бо ҳайати ҳокимаи Афғонистон зарурӣ аст.
Сухангӯии толибон* ҳамчунин бо таъкид бар зарурати кумакҳои минтақа барои ҳифзи сабот дар Афғонистон изҳор кард, ки бояд бо ҳамкорӣ аз бурузи мушкилоти ҷадид ҷилавгирӣ кард.
Ёдоварӣ мекунем, ки Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон авохири ҳафтаи пеш бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши тавваҷуҳи ҷаҳонӣ ба бӯҳрони инсонӣ дар Афғонистон дар пайи ташдиди ҷанг дар соири кишварҳо, бар лузуми ҷилавгирӣ аз кунд шудани ирсоли кумакҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ ба мардуми ин кишвар таъкид карда буд.
Толибон* ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз поини ҷанг дар кишвар ва ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аъзои гуруҳ ташкили ҳукумати фарогир ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсонӣ, аз ҷумла ҳақи занон ба таҳсилу корро талаб дорад.
* - созмон ё гурӯҳе, ки ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.