КҲФ гуфт, ноҳияи Панҷ аз сел чӣ қадар зарар дидааст

© Foto / КЧС ТаджикистанаСели в Хатлоне затопили дома и участки
Сели в Хатлоне затопили дома и участки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Обуна шудан
Боронҳои пуршиддати ахир сабабгори омадани селҳо дар қаламрави деҳаи “10-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар натиҷаи селҳои ахир дар ноҳияи Панҷ селроҳаи “Овзикент – 2” аз об лабрез шуда, ба 6 хонаи истиқоматии сокинон ва 74 қитъаи наздиҳавлигӣ зарар расонд.
Ҳамчунин дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов аз сел 21 қитъаи наздиҳавлигии сокинон ва 3 иншооти ёрирасон зарад дид.
Инчунин дар натиҷаи боло рафтани сатҳи об дар канали деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон таҳхонаи 12 сокини ин мавзеъ аз об пур шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ-и Тоҷикистон ва Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад.
Таъкид шудааст, ки техникаи махсус барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса бурда шуда, корҳои рафъи оқибатҳои сел оғоз шудаанд.
Сели в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд
Дар натиҷаи селҳо талафоти ҷонӣ ва харобии дигар ба қайд гирифта нашудааст.
КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди манзилҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, баргҳои хазон ва сангу сангрезаҳо тоза намоянд.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ронандагон бояд бештар эҳтиёт кунанд, чун хатари резиши санг дар рӯзҳои боронӣ бештар аст.
“Ронандагон қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд, суръати ҳаракатро дар роҳҳо боло набаранд, ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд”, - қайд кардааст КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0