Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд

© компания IRSСели в Таджикистане
Сели в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи таҳлили паёмадҳои селҳо охир омори ҷадиди қурбониёнро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Борнигариҳои рӯзҳои охир, ки селу ярч дар пай доштанд, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 21 кушта барҷой гузоштанд.
Дар ин бора бо нашри як иттилоия Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод.
КҲФ афзуд, ки аз миёни 21 қурбонии борону селхезиҳои охир 17 нафар дар шаҳри Ваҳдат, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расидаанд.
Ин омор метавонад ниҳоӣ набошад, чун расонаҳои маҳаллӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои марг бар асари офати табиӣ дар навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ иттилоъ дода буданд, аммо расман ин гузоришҳо ҳанӯз таъйид нагардидаанд.
Оқибатҳои селхезӣ бар асари боришоти зиёд дар навоҳии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2023
Селҳои харобиовару маргбор дар Тоҷикистон - аксҳо
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ мегӯянд, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома доранд.
Нисбатан зиёд дар боронигариҳои рӯзҳои 27 ва 28 август, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва навоҳии Рӯдакӣ, Варзоб ва минтақаи Рашт зарар дидаанд.
Барои арзёбии хисороту бартарафсозоии оқибатҳои офати табии рӯзҳои охир комиссияи вижа бо иштироки мақомдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки аз минтақаҳои осебдида боздид мекунад.
Дар пайи селхезиҳо хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва иншоот осеб дида, масъалаи таъмини барқу об низ дар Душанбе дучори мушкил шуд.
Лентаи хабарҳо
0