https://sputnik.tj/20231111/havopaymo-vazorat-difo-rusiya-afghoniston-kumaki-bashardustona-1060436024.html
Ду ҳавопаймои вазорати дифои Русия ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона расониданд
Ду ҳавопаймои вазорати дифои Русия ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона расониданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки ду ҳавопаймои вазорати дифоъ ба кишвари Афғонистон 40 тон кӯмаки башардӯстона расониданд
2023-11-11T19:15+0500
2023-11-11T19:15+0500
2023-11-11T19:15+0500
дар русия
русия
афғонистон
кӯмак
кӯмаки башардӯстона
ҳавопаймо
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044640651_0:8:1593:904_1920x0_80_0_0_b9fadd74385df171dd7cac252543a3d4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Русия ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад ва ҳавопаймоҳои вижаи вазорати дифои Русия барои осебдидагони заминларза дар Ҳирот ба Кобул ҳудуди 40 тонна кумаки башардӯстона интиқол додаанд.Дар ин бора дар сомонаи Вазорати хориҷаи Русия нашр шудааст."Рӯзи 11 ноябр бо супориши Ҳукумати Русия ва Маркази тиҷоратии Афғонистон дар шаҳри Маскав бо роҳбарии М.Нодиршоҳ ду ҳавопаймои махсуси Вазорати дифои Русия ба Кобул ҳудуди 40 тонна кӯмаки башардӯстона интиқол доданд. Русия кӯмаки башардӯстона ба мардуми дӯсти афғонро, ки аз заминларзаҳои харобиовари ахири Ҳирот осеб дидаанд, идома медиҳад”, - гуфт вазорати умури хориҷии Русия.Рӯзи 7 октябр дар ғарби Афғонистон як силсила заминларза ба шиддати то 6,4 балл рух дод. Ҳафтаи дигар дар кишвар заминларзаҳои нав ба амал омаданд, шумораи умумии қурбониён бештар аз 10 ҳазор нафар ҳисоб карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки қаблан бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20231018/tojikiston-mardumi-aminlarza-zarardidai-afghoniston-kumak-1060004403.html
русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044640651_189:0:1404:911_1920x0_80_0_0_3b93e5186eaa36f4a25a36c8ac9ae989.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, кӯмаки башардӯстона, ҳавопаймо, вазорати дифоъ, кобул
русия, афғонистон, кӯмаки башардӯстона, ҳавопаймо, вазорати дифоъ, кобул
Ду ҳавопаймои вазорати дифои Русия ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона расониданд
Вазорати хориҷаи Русия хабар дод, ки ду ҳавопаймои вазорати дифоъ ба кишвари Афғонистон 40 тон кӯмаки башардӯстона расониданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Русия ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад ва ҳавопаймоҳои вижаи вазорати дифои Русия барои осебдидагони заминларза дар Ҳирот ба Кобул ҳудуди 40 тонна кумаки башардӯстона интиқол додаанд.
Дар ин бора дар сомонаи Вазорати хориҷаи Русия нашр шудааст.
"Рӯзи 11 ноябр бо супориши Ҳукумати Русия ва Маркази тиҷоратии Афғонистон дар шаҳри Маскав бо роҳбарии М.Нодиршоҳ ду ҳавопаймои махсуси Вазорати дифои Русия ба Кобул ҳудуди 40 тонна кӯмаки башардӯстона интиқол доданд. Русия кӯмаки башардӯстона ба мардуми дӯсти афғонро, ки аз заминларзаҳои харобиовари ахири Ҳирот осеб дидаанд, идома медиҳад”, - гуфт вазорати умури хориҷии Русия.
Рӯзи 7 октябр дар ғарби Афғонистон як силсила заминларза ба шиддати то 6,4 балл рух дод. Ҳафтаи дигар дар кишвар заминларзаҳои нав ба амал омаданд, шумораи умумии қурбониён бештар аз 10 ҳазор нафар ҳисоб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.