https://sputnik.tj/20231018/tojikiston-mardumi-aminlarza-zarardidai-afghoniston-kumak-1060004403.html
Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумак мефиристад
Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумак мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад
2023-10-18T10:33+0500
2023-10-18T10:33+0500
2023-10-18T10:50+0500
дар тоҷикистон
ирсол
кӯмак
башардӯстона
заминларза
осебдидагон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060005514_0:0:720:405_1920x0_80_0_0_6802f14c8a1fb36361e7f724586fcda2.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода хоҳад шуд.Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон аз мардуми давлати ҳамсояи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.Ёдовар мешавем, ки қаблан вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳукумати кишвар ният дорад ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз зилзилаи харобиовари ахир дар Ҳирот маводи ниёзи аввал ирсол намояд.Ба иттилои манбаъ, ҳукумати кишвар ният дорад ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд.
https://sputnik.tj/20231009/tojikiston-mardum-zarardida-afghoniston-kumak-bashardustona-1059864968.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060005514_90:0:630:405_1920x0_80_0_0_6aa1bc8a9a918127f0b36d324b3f4373.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯмаки башардӯстона, ирсол, афғонистон, зилзила, мардум, зарардида
тоҷикистон, кӯмаки башардӯстона, ирсол, афғонистон, зилзила, мардум, зарардида
Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумак мефиристад
10:33 18.10.2023 (Навсозишуда: 10:50 18.10.2023) Бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода хоҳад шуд.
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон аз мардуми давлати ҳамсояи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳукумати кишвар ният дорад ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз зилзилаи харобиовари ахир дар Ҳирот маводи ниёзи аввал ирсол намояд.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумати кишвар ният дорад ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд.