https://sputnik.tj/20231110/video-kumak-bashari-gaza-1060427388.html
Парвози ҳавопаймо бо даҳҳо тон кӯмаки башарӣ аз Русия барои Ғазза - видео
Парвози ҳавопаймо бо даҳҳо тон кӯмаки башарӣ аз Русия барои Ғазза - видео
Sputnik Тоҷикистон
Бори чандум аст, ки бастаҳои кумакҳои башарӣ бо дастури президенти Русия, Владимир Путин ба ниёзмандон дар навори Ғазза фиристода мешаванд
2023-11-10T21:00+0500
2023-11-10T21:00+0500
2023-11-10T20:16+0500
видео
ҳолат
изтирорӣ
русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
иҷтимоъ
навори ғазза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060427600_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_7f525ccb047658a7581576afde21e8e4.jpg
Имдодгарони Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба мардуми навори Ғазза 25 тонна кумаки башардӯстона мерасонанд. Ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Қазон ба сӯи Миср парвоз кард. Дар ин бора дар саҳифаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар Telegram хабар дода шудааст. Кӯмаки Русия бо дастури раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва вазири ҳолатҳои изтирории кишвар Александр Куренков ташкил шудааст. Ба борҳои башардӯстона ғизо, маҳсулоти гигиении шахсӣ, либос, печҳои сайёр ва кӯрпа дохил мешаванд.Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари он одамон кушта ва зербиноҳо тахриб шудаанд.Раҳмон хостори ҳалли қазияи Ғазза аз тариқи гуфтушунид шудҚазия аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданд.Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ қарор барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.
русия
навори ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
МЧС России направит 25 тонн очередной гуманитарной помощи населению сектора Газа
Sputnik Тоҷикистон
МЧС России направит 25 тонн очередной гуманитарной помощи населению сектора Газа
2023-11-10T21:00+0500
true
PT0M16S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0a/1060427600_289:0:1249:720_1920x0_80_0_0_6198523e1aa20d413c9c4bdf715c418e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумак, навбатӣ, ғазза, имдодгарон, русия
кумак, навбатӣ, ғазза, имдодгарон, русия
Парвози ҳавопаймо бо даҳҳо тон кӯмаки башарӣ аз Русия барои Ғазза - видео
Бори чандум аст, ки бастаҳои кумакҳои башарӣ бо дастури президенти Русия, Владимир Путин ба ниёзмандон дар навори Ғазза фиристода мешаванд
Имдодгарони Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба мардуми навори Ғазза 25 тонна кумаки башардӯстона мерасонанд.
Ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Қазон ба сӯи Миср парвоз кард. Дар ин бора дар саҳифаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар Telegram хабар дода шудааст.
"Ҳавопаймои Ил-76-и вазорат аз фурудгоҳи Қазон парвоз кард. Бори башардӯстона ба қаламрави Ҷумҳурии Мисри Араб интиқол дода шуда, ба намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Миср супурда мешавад", - омадааст дар хабар.
Кӯмаки Русия бо дастури раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва вазири ҳолатҳои изтирории кишвар Александр Куренков ташкил шудааст. Ба борҳои башардӯстона ғизо, маҳсулоти гигиении шахсӣ, либос, печҳои сайёр ва кӯрпа дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари он одамон кушта ва зербиноҳо тахриб шудаанд.
Қазия аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ қарор барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.