https://sputnik.tj/20231108/jang-rahmon-qaziya-ghazza-guftushunid-1060385854.html
Ҷангро дидем: Раҳмон хостори ҳалли қазияи Ғазза аз тариқи гуфтушунид шуд
Ҷангро дидем: Раҳмон хостори ҳалли қазияи Ғазза аз тариқи гуфтушунид шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию сохторҳои бисёрҷониба ва вазъи минтақаю ҷаҳон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Эрон будаанд
2023-11-08T18:44+0500
2023-11-08T18:44+0500
2023-11-09T11:52+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
навори ғазза
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
иброҳим раисӣ
фаластин
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060022925_0:86:3072:1814_1920x0_80_0_0_10e2c0f928ba2cb8d5c249d6269610d3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазъи навори Ғазза ва Афғонистон аз мавзуъҳои музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтояш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳим Раисӣ будаанд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми музокирот бо Раисӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатбори ҷангу хунрезиро дидааст. "Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези мушкилоту низоъҳо бо роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидҳо изҳор медорад", - таъкид намуд Раҳмон. Ӯ аз сатҳи хуби ҳамкорӣ бо Эрон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаст. Мо алоқаманди идомаи густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар ҳастем, таъкид кардаст Раҳмон. Президенти Тоҷикистон изҳори боварӣ намудаст, ки натиҷаҳои сафари президенти Эрон ба раванди рушди муносибатҳо ба нафъи мардумони ду кишвари дӯст такони тоза хоҳанд бахшид.
https://sputnik.tj/20231106/smm-talafot-ghazza-elon-otashbas-1060344457.html
навори ғазза
фаластин
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060022925_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_788adbd16a7b7c0f7d3328efc4a9506a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, музокирот, ғазза
президент, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, музокирот, ғазза
Ҷангро дидем: Раҳмон хостори ҳалли қазияи Ғазза аз тариқи гуфтушунид шуд
18:44 08.11.2023 (Навсозишуда: 11:52 09.11.2023) Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию сохторҳои бисёрҷониба ва вазъи минтақаю ҷаҳон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Эрон буданд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазъи навори Ғазза ва Афғонистон аз мавзуъҳои музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтояш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳим Раисӣ будаанд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми музокирот бо Раисӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
"Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва мушкилоти дигар минтақаҳои даргири ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт", - гуфт Раҳмон.
Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатбори ҷангу хунрезиро дидааст.
"Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези мушкилоту низоъҳо бо роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидҳо изҳор медорад", - таъкид намуд Раҳмон.
Ӯ аз сатҳи хуби ҳамкорӣ бо Эрон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаст.
Мо алоқаманди идомаи густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар ҳастем, таъкид кардаст Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон изҳори боварӣ намудаст, ки натиҷаҳои сафари президенти Эрон ба раванди рушди муносибатҳо ба нафъи мардумони ду кишвари дӯст такони тоза хоҳанд бахшид.