https://sputnik.tj/20231110/vakilon-parlumon-rusiya-tojikiston-muhojirat-sayyohi-barrasi-1060422792.html
Вакилони парлумони Русияу Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷират ва сайёҳиро баррасӣ карданд
Вакилони парлумони Русияу Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷират ва сайёҳиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз мавзӯъҳои аслии мулоқоти ҳайати Думаи давлатии Русия бо вакилони парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккили муҳоҷирон барои кор дар Русия буд
2023-11-10T17:56+0500
2023-11-10T17:56+0500
2023-11-10T17:56+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
сиёсат
маориф
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031568165_0:107:2799:1681_1920x0_80_0_0_2b7faaa439825e65010d2e82e4d45efc.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон мулоқоти ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон дар мавзӯи муҳоҷират баргузор шуд. Аъзои Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон дар ҷараёни боздиди худ ба Душанбе бо вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва ҳамчунин раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, сайёҳӣ, рушди забони русӣ, инчунин, такмили ихтисоси омӯзгорон дар Русия баррасӣ шуданд. Мавзӯи ҷалби ташкилии муҳоҷирон барои кор дар Федератсияи Русия низ баррасӣ шуд, гуфт раиси кумита Леонид Калашников. "Мо бо ҳамтоён мубодила кардем, ки дар соҳаи муҳоҷират чӣ гуна кор кард, он хеле ҳассос аст: аз як тараф, он ба мо захираҳои меҳнатӣ меорад, ки дар Русия он намерасад, аз тарафи дигар, баромадҳои популистии баъзе сиёсатмадорон ,барои имиҷ, ки таъсири хеле бузурге ба бор меоранд”, - гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи эҷоди механизми бозгашти хатмкунандагони мактабҳои олии Федератсияи Русия ба ватан, ки бо квота дар соҳаи омӯзгорӣ мехонанд, баррасӣ шуд. Дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе Калашников ҳамроҳ бо аъзои кумитаи Думаи давлатӣ аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Юрий Гагарин, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дидан кард.
https://sputnik.tj/20231104/vkd-rusiya-qasd-vurud-muhojiron-jiddi-nazorat-1060331928.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031568165_110:0:2601:1868_1920x0_80_0_0_9fbcbaeaa6505ccc7ff3d6f6ef4b6492.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакилон парлумон русия тоҷикистон масъалаҳо муҳоҷират сайёҳӣ баррасӣ
вакилон парлумон русия тоҷикистон масъалаҳо муҳоҷират сайёҳӣ баррасӣ
Вакилони парлумони Русияу Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷират ва сайёҳиро баррасӣ карданд
Яке аз мавзӯъҳои аслии мулоқоти ҳайати Думаи давлатии Русия бо вакилони парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккили муҳоҷирон барои кор дар Русия буд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон мулоқоти ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон дар мавзӯи муҳоҷират баргузор шуд.
Аъзои Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон дар ҷараёни боздиди худ ба Душанбе бо вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва ҳамчунин раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳоҷират, сайёҳӣ, рушди забони русӣ, инчунин, такмили ихтисоси омӯзгорон дар Русия баррасӣ шуданд.
Мавзӯи ҷалби ташкилии муҳоҷирон барои кор дар Федератсияи Русия низ баррасӣ шуд, гуфт раиси кумита Леонид Калашников.
"Мо бо ҳамтоён мубодила кардем, ки дар соҳаи муҳоҷират чӣ гуна кор кард, он хеле ҳассос аст: аз як тараф, он ба мо захираҳои меҳнатӣ меорад, ки дар Русия он намерасад, аз тарафи дигар, баромадҳои популистии баъзе сиёсатмадорон ,барои имиҷ, ки таъсири хеле бузурге ба бор меоранд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи эҷоди механизми бозгашти хатмкунандагони мактабҳои олии Федератсияи Русия ба ватан, ки бо квота дар соҳаи омӯзгорӣ мехонанд, баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе Калашников ҳамроҳ бо аъзои кумитаи Думаи давлатӣ аз мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Юрий Гагарин, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дидан кард.