https://sputnik.tj/20231104/vkd-rusiya-qasd-vurud-muhojiron-jiddi-nazorat-1060331928.html
ВКД Русия қасд дорад вуруди муҳоҷиронро ҷиддӣ назорат кунад
ВКД Русия қасд дорад вуруди муҳоҷиронро ҷиддӣ назорат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Чунин чораҳо барои он заруранд, то шахсоне, ки маълумоти ному насбро иваз мекунанд, нагузоранд ба қаламрави Русия ворид шаванд
2023-11-04T20:35+0500
2023-11-04T20:35+0500
2023-11-05T14:02+0500
дар русия
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
сарраёсати вкд-и русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/04/1028320423_0:0:3070:1728_1920x0_80_0_0_17bd722fc999b9db74a18f2db9589212.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Қарор аст, дар фурудгоҳҳои Маскав изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба пойтахт ҷорӣ шавад. Дар ин бора сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова хабар дод. Қайд карда мешавад, ки чунин иқдом аз ҷониби ҳукумати Маскав низ сурат гирифтааст.Ба гуфтаи вай, ин барои он зарур аст, ки афроде, ки маълумоти насби худро иваз мекунанд, ба қаламрави Русия ворид нашаванд. Сабти изи ангуштон усули муайян кардани шахс аст, ки бар асоси вижагии шакли пӯст сурат мегирад. Ин принсип дар илми криминалистӣ васеъ истифода мешавад. Қаблан дар Русия афзоиши шумори муҳоҷирон сабт шуда буд. Бар асоси натоиҷи 8 моҳи соли 2023 афзоиши иҷозатномаҳои кор 20% -ро ташкил дод. Қайд карда мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ 110,5 ҳазор иҷозатномаи кор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 19,6% зиёд аст. Қобили зикр аст, ки аз ин 46,1 ҳазор ҳуҷҷат ба мутахассисони баландихтисос дода шудааст - дар ин ҷо афзоиш 0,9 фоизро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20231025/mushiston-khostor-nazorat-beshtar-muhojiron-1060141306.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/04/1028320423_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_b47b1e9a7f5d879d96b826a5040fd78c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд русия қасд вуруд муҳоҷирон ҷиддӣ назорат
вкд русия қасд вуруд муҳоҷирон ҷиддӣ назорат
ВКД Русия қасд дорад вуруди муҳоҷиронро ҷиддӣ назорат кунад
20:35 04.11.2023 (Навсозишуда: 14:02 05.11.2023) Чунин чораҳо барои он заруранд, то шахсоне, ки маълумоти ному насбро иваз мекунанд, нагузоранд ба қаламрави Русия ворид шаванд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Қарор аст, дар фурудгоҳҳои Маскав изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон ҳангоми вуруд ба пойтахт ҷорӣ шавад.
Дар ин бора сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки чунин иқдом аз ҷониби ҳукумати Маскав низ сурат гирифтааст.
"Дар ҳар як фурудгоҳи маркази ҳавоии Маскав меҳмонон изи ангушт ва аксбардорӣ карда мешаванд",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин барои он зарур аст, ки афроде, ки маълумоти насби худро иваз мекунанд, ба қаламрави Русия ворид нашаванд.
Сабти изи ангуштон усули муайян кардани шахс аст, ки бар асоси вижагии шакли пӯст сурат мегирад. Ин принсип дар илми криминалистӣ васеъ истифода мешавад.
Қаблан дар Русия афзоиши шумори муҳоҷирон сабт шуда буд. Бар асоси натоиҷи 8 моҳи соли 2023 афзоиши иҷозатномаҳои кор 20% -ро ташкил дод.
Қайд карда мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ 110,5 ҳазор иҷозатномаи кор гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 19,6% зиёд аст.
Қобили зикр аст, ки аз ин 46,1 ҳазор ҳуҷҷат ба мутахассисони баландихтисос дода шудааст - дар ин ҷо афзоиш 0,9 фоизро ташкил додааст.