Тиҷорати Суғд бо Қазоқистон аз 600 млн доллар бештар шуд

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдМулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Турахонов
Мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Турахонов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Обуна шудан
Равобити тиҷорию иқтисодии Суғд бо Қазоқистон дар мулоқоти сафири ин кишвар дар Тоҷикистон бо раиси вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 602 млн доллари амрикориро ташкил додааст.
Дар ин бора зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Турахонов иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки ду кишвари ба ҳам дӯст робитаҳои хуби иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд.
Аҳмадзода омодагии худро барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ изҳор дошта, доир ба имкониятҳои вилоят дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ​ маълумот додаст.
Бутылки с подсолнечным маслом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монд
Турахонов зикр намудаст, ки ҳамкориҳои​ Тоҷикистону Қазоқистон сол ба сол тақвият меёбад.
Вай иброз доштааст, ки соҳибкорону сармоягузорони қазоқистонӣ омодаанд дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштарак бо ҳамтоёни тоҷики худ якҷо фаъолият намоянд.
Дар миёни кишварҳои ИДМ Қазоқистон баъди Русия дуввумин шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон мебошад.
Дар умум ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистону Қазоқистон дар 9 моҳ наздик ба 830 млн долларро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешӣ 20% камтар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0