https://sputnik.tj/20231110/rahmon-nishast-iztirori-saroni-kishvar-islomi-1060423736.html
Раҳмон ба нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ рафт
Раҳмон ба нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар садри як ҳайати мақомдорони ҳукумати кишвар озими Арабистони Саудӣ шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти президент
2023-11-10T17:15+0500
2023-11-10T17:15+0500
2023-11-10T17:33+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
арабистон
саудӣ
созмони ҳамкориҳои исломӣ
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1a/1059066922_0:0:3632:2043_1920x0_80_0_0_5a04caecf8ab5644751eaffb10fbd398.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар пасманзари шиддати авзоъ дар Шарқи Наздик сурат гирифт. Даргириҳои охир миёни Исроилу Фаластин ҳазорҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузоштаанд. Вазъи навори Ғазза ва Афғонистон аз мавзуъҳои музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтояш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳим Раисӣ будаанд."Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва мушкилоти дигар минтақаҳои даргири ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт", - гуфт Раҳмон дар пайи нишаст.Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатбори ҷангу хунрезиро дидааст.Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези мушкилоту низоъҳо бо роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидҳо изҳор медорад, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20231109/risolati-imkonpazir-gharb-jahoni-islom-dushmani-1060404951.html
арабистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1a/1059066922_410:0:3141:2048_1920x0_80_0_0_8d9be8bf545064392ae2969d18de3ae9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, президент, тоҷикистон, арабистони саудӣ
эмомалӣ раҳмон, президент, тоҷикистон, арабистони саудӣ
Раҳмон ба нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ рафт
17:15 10.11.2023 (Навсозишуда: 17:33 10.11.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар садри як ҳайати мақомдорони ҳукумати кишвар озими Арабистони Саудӣ шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти президент
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар пасманзари шиддати авзоъ дар Шарқи Наздик сурат гирифт. Даргириҳои охир миёни Исроилу Фаластин ҳазорҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузоштаанд.
Вазъи навори Ғазза ва Афғонистон аз мавзуъҳои музокироти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтояш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳим Раисӣ будаанд.
"Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва мушкилоти дигар минтақаҳои даргири ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт", - гуфт Раҳмон дар пайи нишаст.
Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатбори ҷангу хунрезиро дидааст.
Тоҷикистон чун кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези мушкилоту низоъҳо бо роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидҳо изҳор медорад, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.