https://sputnik.tj/20231110/duma-rusiya-dushanbe-mushkilot-muhojiron-1060412525.html
Ҳайати Думаи давлатии Русия дар Душанбе мушкилоти муҳоҷирони кориро баррасӣ кард
Ҳайати Думаи давлатии Русия дар Душанбе мушкилоти муҳоҷирони кориро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз масъалаҳое, ки вакилони Думаи давлатии Русия ва вакилони парлумони Тоҷикистон ба он таваҷҷӯҳ мекуннад, ки масъалаи шуғли муҳоҷирон аст
2023-11-10T09:00+0500
2023-11-10T09:00+0500
2023-11-10T11:25+0500
думаи давлатӣ
русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/94/1020809484_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_b387ee0db5291bf787bdeb0e62963ba2.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Русия дар Душанбе масоили мухталифи муҳоҷиратро баррасӣ карданд. Ҳайати Думаи давлатии Русия бо вакилони парлумони Тоҷикистон чанд мавзӯи муҳимро баррасӣ мекунад, ки яке аз онҳо бо кор таъмин кардани муҳоҷирон мебошанд.Дар ин бора Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ӯ тавзеҳ дод, ки вакилони Думаи давлатии Русия барои баррасии "масъалаи мураккаби муҳоҷират" вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.Қаблан Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ба тасвиб расонд.Қоидаҳои нави гирифтани шаҳрвандии Русия: хоҳишмандонро чӣ интизор аст Созишномаи байни кишварҳои муштаракулманофеъ ташкили бозори умумии меҳнат, ҳамчунин таҳия ва татбиқи низоми ҷалби муташаккили муҳоҷирон, мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва афзоиши ҳаракати захираҳои меҳнатиро пешбинӣ мекунад.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/94/1020809484_219:0:940:541_1920x0_80_0_0_623fc9b9faf1f88ef278b2963afa86a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират русия тоҷикистон вакилон думаи давлатӣ
муҳоҷират русия тоҷикистон вакилон думаи давлатӣ
Ҳайати Думаи давлатии Русия дар Душанбе мушкилоти муҳоҷирони кориро баррасӣ кард
09:00 10.11.2023 (Навсозишуда: 11:25 10.11.2023) Эксклюзив
Яке аз масъалаҳое, ки вакилони Думаи давлатии Русия ва вакилони парлумони Тоҷикистон ба он таваҷҷӯҳ мекунанд, ки масъалаи шуғли муҳоҷирон аст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Русия дар Душанбе масоили мухталифи муҳоҷиратро баррасӣ карданд.
Ҳайати Думаи давлатии Русия бо вакилони парлумони Тоҷикистон чанд мавзӯи муҳимро баррасӣ мекунад, ки яке аз онҳо бо кор таъмин кардани муҳоҷирон мебошанд.
Дар ин бора Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ тавзеҳ дод, ки вакилони Думаи давлатии Русия барои баррасии "масъалаи мураккаби муҳоҷират" вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.
"Он чизеро, ки ба касе писанд нест, муҳокима хоҳем кард, ки дар он ҷо бояд чораҳои муайян андешида шаванд. Дар ин ҷо мо дар сафи пеш ҳастем ва дар Русия ҳамзамон баъзан мақомоти иҷроияи худро маҷбур мекунем, ки ин масъалаҳоро ҳал кунанд", - шарҳ дод вакил ҳадафи сафарашонро ба Тоҷикистон.
Қаблан Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ба тасвиб расонд.
Созишномаи байни кишварҳои муштаракулманофеъ ташкили бозори умумии меҳнат, ҳамчунин таҳия ва татбиқи низоми ҷалби муташаккили муҳоҷирон, мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва афзоиши ҳаракати захираҳои меҳнатиро пешбинӣ мекунад.