Қоидаҳои нави гирифтани шаҳрвандии Русия: хоҳишмандонро чӣ интизор аст

© Sputnik / Нина ЗотинаПаспорт гражданина Российской Федерации
Паспорт гражданина Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Обуна шудан
Аз рӯзи 26 октябр Қонуни нави федералӣ "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" эътибор пайдо мекунад. Чӣ тағйирот дар он аст ва бо кадом сабабҳо шаҳрвандии Русия боздошта мешавад.
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik, Михаил Воробев. Қонуни навшуда дар бораи шаҳрвандӣ санади ҳуқуқиеро иваз мекунад, ки дар давоми беш аз бист сол боз мавриди истифода қарор дошт.
Қонуни нави федералии 28 апрели соли 2023 № 138-ФЗ "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия" аз 26 октябри соли 2023 эътибор пайдо мекунад. Sputnik таҳқиқ кардааст, ки хоҳишмандони гирифтани шиносномаи Русияро чӣ тағйирот интизор аст ва бо кадом сабабҳо шаҳрвандии Русия боздошта мешавад.

Кӣ бештар шиносномаи Русияро мегирад?

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар соли 2022 691 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Гирандагони фаъолтарини шиносномаҳои Русия шаҳрвандони Украина буданд - 43% аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои Федератсияи Русия, ки дар ин давра дода шудаанд. Дар зинаи дуввум бо 25%, зодагони Тоҷикистон қарор доранд.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 205 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи Русия гирифтанд. Дар муқоиса бо ду нимсолаи қаблӣ теъдоди шиносномаҳои Русия, ки ба шаҳрвандони Украина дода мешавад, хеле коҳиш ёфтааст, дар ҳоле, ки нишондодҳо барои кишварҳои дигар ба таври ҷиддӣ тағйир наёфтааст.
Тибқи қоидаҳои нав, барои гирифтани шаҳрвандии Русия, шумо бояд на танҳо забони русиро (то ин вақт ин дониш тавассути имтиҳони махсус санҷида мешуд), балки таърихи Русия ва инчунин асосҳои қонунгузории кишварро донед. Аммо маълум нест, ки ин дониш чӣ гуна санҷида мешавад.

Тартиби соддакардашуда

Рӯйхати шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро бо тартиби соддашуда доранд, тағйир ёфт. Ба он шахсоне шомил буданд, ки донишгоҳҳои Русияро бо баҳои аъло хатм кардаанд. Инчунин шахсоне, ки хешу табори мустақимашон дар қаламрави империяи Русия ё Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди сарҳади давлатии Федератсияи Русия ба таври доимӣ иқомат доранд.
Михаил Гатско, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷамъиятии Донишгоҳи молияи назди ҳукумати Федератсияи Русия ба хабарнигори Sputnik гуфт, ки қонуни нав имкони гирифтани шаҳрвандиро бо роҳи соддакардашуда барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ истисно мекунад.
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2023
Мишустин хостори назорати бештари муҳоҷирон шуд
Қаблан, барои шахсоне, ки бо шаҳрванди Федератсияи Русия на камтар аз се сол издивоҷ дошта буданд, ба таври соддашуда шиноснома гирифтан мумкин буд. Дар қоидаҳои нав меъёри давомнокии ақди никоҳ аз байн бардошта шуд, вале шарти ҳатмӣ дар бораи мавҷудияти фарзанди умумӣ ба миён омад. Тавре дар вебсайти Кремл қайд шудааст, ин чора барои аз байн бурдани таҷрибаи бастани ақди никоҳҳои сохта ба конун ворид шудааст.
Тибқи қоидаҳои нав, ба тартиби соодашуда шаҳрвандӣ ба шахсоне дода мешавад, ки фарзандашон шаҳрванди Федератсияи Русия аст. Фарқ надорад, ки ӯ чандсола аст. Пештар талаб карда мешуд, ки ӯ бояд ба синни балоғат расида бошад.
Мисли пештара, фарзанди шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Русия таваллуд шудаанд, шаҳрванди Русия мешавад, ба истиснои холате агар дар сурати таваллуд кӯдак шаҳрвандии давлати дигарро нагирифта бошад. "Аммо ҳоло кӯдаке, ки дар киштӣ ё ҳавопаймои мутаалиқ ба Федератсияи Русия таваллуд шудааст, агар вақти таваллуд шаҳрвандии давлати хориҷиро нагирифтааст, шиносномаи Русияро мегирад, ҳатто агар волидонаш шаҳрванди Федератсияи Русия набошанд, ” илова кард дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik узви Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Русия Анастасия Громакова.
Пештар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар қаламрави Республикаи Шӯравӣ Сотсиалистии Федеративии Русия (РШСФР) таваллуд ёфтаанд, шаҳрвандии Федератсияи Русияро бо тартиби содда гирифта метавонистанд. Мувофики конуни нав ин имконият танхо ба онхое дода мешавад, ки дар РШСФР таваллуд шудаанд, инчунин ба онхое, ки дар он чо доимӣ истикомат доштанд.

Қатъи шаҳрвандӣ

Дигар тартиби бекор кардани қарор дар бораи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Он бо қатъ кардани шаҳрвандӣ иваз карда шудааст.

"Рӯйхати ҷиноятҳое, ки барои қатъи шаҳрвандӣ асос мебошанд, қариб чор маротиба аз 18 ба 64 моддаи Кодекси ҷиноятӣ афзуд,"- иброз дошт Михаил Гатско.

Ба гуфтаи ӯ, феҳристи ҷиноятҳо амалҳои дар қонуни қаблӣ дар бораи шаҳрвандӣ зикршударо такрор мекунад. Ба инҳо терроризм, гаравгонгирӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғасби зӯроварии ҳокимият ва таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ, ҳамла ба шахсон ё муассисаҳое, ки аз ҳимояти байналмилалӣ бархурдоранд, шӯриши мусаллаҳона ва диверсия дохил мешаванд.
Тибқи навовариҳо, қатъи шаҳрвандии Русия инчунин барои ҷиноёти зайл пешбинӣ шудааст:
паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия ва бадном кардани артиши Русия;
даъват ба эълони таҳримҳо ва ҷанги тачовузкорона;
даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ;
таҷовуз ба вайрон кардани якпорчагии арзии Русия;
фирор аз хизмати ҳарбӣ;
саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои он;
ҷосусӣ ва хиёнат;
ифшои сирри давлатӣ;
ҷиноятҳо бар зидди дахлнопазирии ҷинсӣ;
фаъолияти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ;
ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ.
"Ғайр аз ин, қатъи шаҳрвандии Русия барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ, иштирок дар созмони ғайриҳукуматии хориҷӣ ё байналмилалии номатлуб, инчунин барои вайрон кардани тартиби муқарраршудаи ташкил ё баргузории маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоӣ ё пикет, агар ин амал такроран содир шуда бошад, пешбинӣ карда шудааст”, - афзуд Михаил Гатско.
Министр внутренних дел РФ Владимир Колокольцев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2023
Колоколтсев гуфт, кадом муҳоҷиронро хуш мепазиранду шиносномаи киҳоро беэътибор месозанд
Дар натиҷа, гуфтан мумкин нест, ки гирифтани шиносномаи Русия осонтар ё мушкилтар шудааст, ҳеҷ тағйироти куллӣ ба амал наомадааст, мегӯяд дотсенти академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русия Сергей Андрейсо,.
"Мо бояд чанд моҳи аввал интизор шавем ва бубинем, ки чӣ фармонҳои ВКД пайдо мешаванд, амалияи татбиқи қонун чӣ гуна рушд хоҳад кард, ягон қарори судӣ пайдо мешавад ё на. Ҳоло танҳо матни ҳонун ва иҷрои онро пас аз Соли нав метавон арзёбӣ кард”, - шарҳ дод коршинос.
Лентаи хабарҳо
0