Зокирзода: Имрӯз дар тамоми самти ҳамкории Тоҷикистону Эрон пешравиҳо дида мешаванд

© Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раиси парлумони Тоҷикистон дар дидор бо раисҷумҳури Эрон
Раиси парлумони Тоҷикистон дар дидор бо раисҷумҳури Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон дар дидор ба Раиси парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳо дар ҳоли рушд қарор доранд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар дидор бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот раиси парлумони кишвар таъкид кард, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ин дидор қайд карда шудааст, ки имрӯз дар тамоми самти ҳамкорӣ пешравиҳо дида мешаванд.
Президент Ирана Ибрахим Раиси и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Аз лағви раводид то транзит тариқи "Чобаҳор": Тоҷикистону Эрон 19 санад имзо карданд
Раиси парлумони Тоҷикистон афзуд, ки ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо давлати Эрон таваҷҷуҳи хос дода мешавад ва тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу давлатҳо муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.
Қайд карда шуд, ки бо ин ҳадаф гурӯҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил карда шудааст.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки тавсеаи равобит ва ҳамкории Теҳрон ва Душанбе бисёр ҳоизи аҳамият аст.
Лентаи хабарҳо
0