https://sputnik.tj/20231108/laghvi-ravodid-tranzit-tojikiston-eron-imzo-1060385351.html
Аз лағви раводид то транзит тариқи "Чобаҳор": Тоҷикистону Эрон 19 санад имзо карданд
Аз лағви раводид то транзит тариқи "Чобаҳор": Тоҷикистону Эрон 19 санад имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари расмии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва музокироти сатҳи олӣ миёни ҷонибҳо 19 санади нав ба имзо расонда шуд, иттилоъ дод Душанбе
2023-11-08T18:00+0500
2023-11-08T18:00+0500
2023-11-08T18:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
имзо
хуҷанд
эрон
иброҳим раисӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060381593_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_5abe3f40d336745295468495fabe5947.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар пайни анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҳузури сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳо дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ имзо шуд. Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамлу нақл тавассути бандари "Чобаҳор", ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ имзо шуданд. Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон барои солҳои 2022-2030 аз санадҳои дигари имзошуда мебошанд. Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ, ҳамкориҳои почтавӣ ва ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Эрон имзо шуданд. Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанд шаҳри Язди аз санадҳои дигар будаанд. Санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология, фарҳанг ва ҳунар, садо ва симо, варзиш, китобдорӣ, шаҳрдории Душанбею Машҳад, роҳи оҳан дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои имзошуда зикр гардидааст. Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав имзо карда шуд.
https://sputnik.tj/20231108/raisi-voridi-dushanbe-raisjumhur-eron-peshvoz-1060374773.html
хуҷанд
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060381593_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_27e3b00901d1cc153eb75e2f5bcc5229.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, санад, ҳамкорӣ, тоҷикистон, эрон
имзо, санад, ҳамкорӣ, тоҷикистон, эрон
Аз лағви раводид то транзит тариқи "Чобаҳор": Тоҷикистону Эрон 19 санад имзо карданд
Дар доираи сафари расмии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ва музокироти сатҳи олӣ миёни ҷонибҳо 19 санади нав ба имзо расонда шуд, иттилоъ дод Душанбе
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар пайни анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҳузури сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳо дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ имзо шуд.
Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамлу нақл тавассути бандари "Чобаҳор", ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ имзо шуданд.
Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон барои солҳои 2022-2030 аз санадҳои дигари имзошуда мебошанд.
Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ, ҳамкориҳои почтавӣ ва ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Эрон имзо шуданд.
Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанд шаҳри Язди аз санадҳои дигар будаанд.
Санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология, фарҳанг ва ҳунар, садо ва симо, варзиш, китобдорӣ, шаҳрдории Душанбею Машҳад, роҳи оҳан дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои имзошуда зикр гардидааст.
Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав имзо карда шуд.